Садамаи маргбори тоҷикон дар Белорусия
Раёсати бозрасии автомобилии Белорусия аз садамаи нақлиёти маргбори шаҳрвандони Тоҷикистон дар ноҳияи Витебски ин кишвар хабар медиҳад.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод дар пайи сонеҳаи нақлиётӣ, ки шаби 29-уми сентябр рух дод, як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гардида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд: “Сари фармони мошини ВАЗ 21093 шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон қарор доштааст, ки аз уҳдаи идора набаромада, дар ҷӯйбори канори роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофири 32-солаи мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда бо ду ҳамроҳи дигари 24 ва 30-сола дар беморхона бистарӣ шудаанд.”
Мақомоти Белорусия мегӯянд, ҳамаи иштирокдорони ин садама шаҳрвандони Тоҷикистон буда, таҳқиқи ҷузъиёти он идома дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |