Боздошти 13 мошини гаронбаҳои дуздӣ дар роҳ ба Тоҷикистон
Мақомоти пулиси Латвия дар доираи як амалиёти густурда алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта 13 мошини гаронбаҳои дуздиро боздошт кардаанд, ки дар роҳ ба Тоҷикистон қарор доштаанд.
Расонаҳои ин кишвар аз қавли Андрей Гришин, сардори пулиси криминалии Латвия хабар медиҳанд, ки аз 13 мошини боздоштшуда, 11-тояшон навъи люкс мебошанд: “Ин мошинҳо аз ҷумла Mercedes, BMW ва Lexus мебошанд, ки дар ду вагон дарёфт шуда, дар Олмон, Суид (Шветсия), Лаҳистон (Полша) ва Латвия ба нияти фурӯш дар Тоҷикистон дуздида шудаанд.”
Ба иттилои манбаъ аллакай ду мошин ба соҳибонаш баргардонда шудаанд ва ба иттиҳоми дуздии яке аз ин мошинҳо як нафар ҳам боздошт шудааст. Пулиси Латвия таъкид мекунад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо ду парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои олмонӣ хабар доданд, ки аз ин кишвар дар Тоҷикистон ҳудуди 200 мошини дуздӣ қарор доранд ва аксарашон дар ихтиёри афроди баландпоя мебошанд. Аммо мақомоти тоҷик ин иддаоро қатъиян рад карда, таъкид намуданд, ки мошинҳо зимни бақайдгирӣ дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаронда мешаванд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |