Бахшҳо

Мавлавӣ Абдулҳамид ба Обама роҳи мубориза бо терроризмро нишон дод

Мавлавӣ Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ, имом-хатиби масҷиди Маккии Зоҳидон роҳи Амрико ва муттаҳидонаш дар мубориза алайҳи терроризм ва тундгароиро номуваффақ номидааст.

Ӯ дар охирин хутбаи намози ҷумъа бо зикри ин нукта, ки аз байн бурдани ҷангу хушунат бо ҷангу хушунат имкон надорад, дар хитоб ба Созмони милали муттаҳид ва абарқудратҳо гуфтааст, “муборизаи шумо поённопазир аст”.

Ба қавли Мавлавӣ, “ифротгароӣ бояд решаёбӣ шавад ва то замоне, ки маълул решаёбӣ нашавад, наметавон бо омил ва иллат мубориза кард ва ҳар иқдоме низ дар ин ҷода роҳандозӣ шавад, номуваффақ хоҳад буд”. Исмоилзиҳӣ аз раванду натиҷаи иҷлоси ахири СММ изҳори норозигӣ намуда, ибрози таассуф кардааст, ки дар ин ҳамоиш ба ҷои пайдо кардани роҳҳалҳои мусоламатомези мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва хушунат дар ин самт аз калимаҳои таҳдидомез кор гирифтанд.

Имом-хатиби масҷиди Маккии Зоҳидон инчунин аз ҳарфҳои Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар ин иҷлос бо шиддат интиқод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Обама дар ҳоле аз вуҷуди гуруҳҳои ифротӣ нигаронӣ дораду онҳоро бемории саратон меҳисобад, ки бузургтарин бемории саратон ва омили ба вуҷудорандаи нооромию бемориҳои дигар – Исроил дар рӯбарӯяш қарор дорад ва дар бораи ӯ ҳатто даҳан боз намекунад: “Ҳимоятҳои номуносиби қудратҳои ғарбӣ аз ин режим аслитарин решаи фасод аст. Режими кунунии Исроил дар давоми 50 рӯз дар навори Ғаззаи Фаластин беш аз ду ҳазор нафарро қатли ом карда, ҳазорон тани дигарро захмӣ намуд, чаро ин ҷиноятҳо аз сӯи дунё маҳкум нашуду аз зиёдаравии Исроил ҷилавгирӣ накарданд?”

Мавлавӣ Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ дар хитоб ба муборизон алайҳи терроризм афзудааст, то замони решадавонии ин падидаи номатлуб куҷо буданд, ки ҳоло садо баланд кардаанд: “Худи Шумо Ироқро ба василаи ҷангу бомбаборон дар даст гирифтед ва на танҳо сокинони ин кишварро дар канори ҳам қарор надодед, балки онҳоро душмани якдигар сохтед. Агар дар рӯзҳои аввали ихтилоф дар Сурия сулҳ бар қарор мешуд ва мардуми ин кишвар дар канори якдигар қарор мегирифтанду ба як оштии миллӣ мерасиданд, ҳоло шоҳиди ин мушкилот дар минтақа набудем”.

Имоми Масҷиди Маккӣ дар идомаи хутбааш ба шарҳи далоили ноамнии кишварҳои Ховари Миён пардохта, омили аслии нооромии ин давлатҳои мусулмоннишинро сиёсати тарҳрезишудаи Ғарб хондааст: “Далели бисёри ноамниҳо дар Ироқ, Сурия, Миср, Лубнон ва инҳирофи бедории исломию кашонидани он ба ҷангу хушунат таъмини амнияти Исроил мебошад. Ин қудратҳо мехоҳанд, мусулмонон тамоми қудрат ва тавоноии худро алайҳи якдигар истифода кунанду бо бародаркушӣ машғул бошанд, то Исроил дар амн бошад. Аммо ин сиёсат иштибоҳ аст”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
рови
ин мавлави намедонад ки гшарб ба хотири башардусти ба ин ифротиюн рахм мекунад вагар на инхо ба чуз калушу салла асбоби дигари чанги надоранд. агар гарбро газабаш гирад як ду бобаяки атоми кифоят аст ки саллахояшон зери хок шавад. бо думи шер бози накунгед мусалмонони ифроти. магар дарсатон нашуд дар чанги чанд руз пеш ки шумо 2500 нафар ва исроил хамаги 60 нафар талаф дод. озоди ту чандин маротиб аст ки посуххои хакро чоп намекуни ё ту хам рахгумзадаи?????

Баъзан мусулмонхо нисбат ба якдигар корхое мекунад, ки хатто кишвархои раби низ чонибдори аз чониби гарб саркуб шудани онхо мешаванд. Хами н Арабистони Сауди низ ба кавле барои манфиати худаш шуда,бо тайёрахояш Ирок ва Сурияро бомбаборон мекунад. Албатта онхо мегуянд кароргоххои ифротихоро бомбаборон мекунанд. Аммо ба халокати садхо нафар кудакону сокинони осоишта чашм мепушанд. Гарб хам аз ин истифода карда, ягона хампаймони боэтимодаш дар Шарки Наздик Исроилро химоя мекунад ва хам бо маблаги худи арабхо арабхоро мекушад. Мо исломро дар ин робита хамрох намекунем, чун домони ислом фарохтар аз арабхо хаст. Ва агар гайриараби мусулмон дар ин робита чизе гуяд, арабхо фавран зидаш садо баланд мекунанд. Агар хамин араб бо яхуди душмании таърихи намедошт, хатман арабхо Исроилро химоя мекарданд. Яъне арабхо агар муттахид мебуданд, аз ним зиёди нафти чахон дар онхо буд ва хол як кудрати иктисодии чахон мешуданд.

Абубакр
Ахсан кай имомхои мохам бо шучоъ далер аз барои Худо мешудабошанд

Фируз
Хазрати Мавлави Вокиан дуруст кайд карда аст. Худованд хамаи Мусалмонхро нигахбон бошад.рови,

Зинда боши хазрат. Марг бар душманони Ислом!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)