Бахшҳо
30 сен 2014 15:13Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Аз шанбегӣ то карнавал бо Убайдуллоев: Эълони 9 рӯзи ид дар Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи ахири шаҳрдорӣ гуфтааст, 90 солагии пойтахти Тоҷикистон 9 рӯз-аз 11 то 19-уми октябр ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват намудааст, ки тайи ин рӯзҳо дар ташкили фазои идона ва ободкориҳо фаъол бошанд.

Ба иттилои манбаъ таҷлили 90-солагии пойтахт 11-уми октябр аз маъракаи ободонии дастаҷамъонаи ҳар як сокини шаҳр зери шиори «Мо метавонем!» оғоз мегардад: “12 октябр ҷашнвора дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳо аз соати 10-и субҳ оғоз гардида, дар «Маҷмааи савдо Пойтахт 90» намоишгоҳи маҳсулоти ниёзи аваалия барои дастархони идонаи сокинон ташкил мешавад.”

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, ки рӯзи 13 –уми октябр дар Боғи устод Рӯдакӣ барои сокинони ноҳияи И.Сомонӣ, 14 –уми октябр дар майдони 800-солагии Москва барои сокинони ноҳияи Шоҳмансур, 15-уми октябр дар Боғи Дӯстии Халқҳо барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ ва 16-уми октябр дар боғи Кӯли ҷавонон барои сокинони ноҳияи Сино соати 17-30 бо иштироки бевоситаи Раиси шаҳр тантанаҳои ҷашнӣ доир карда мешаванд.

Инчунин 17-уми октябр дар Душанбе Рӯзҳои Санкт-Петербург, 18 октябр, соати 10-00 ҷаласаи тантанавӣ ва консерти идонаи 90-солагии пойтахт дар толори Театри опера ва балет дар нақша буда, 19-уми октябр соати 10-00 таҷлили 90-солагии пойтахт бо Карнавали идонаи сокинони шаҳр дар Боғи Наврӯзгоҳ анҷом меёбад.
Мӯҳр
Farzandi muhojir
Muhojironi shahri S-Piterburg ham meoyand??? Man padaramro ki muallimi maktab bud 4 sol shid nadidam. Tanhi bo tel gap mezanem!!! Iltimos raisi shahr muhojironro niz biyoren!!!

шахрдор
Маъракаи иди курбонро чи мухтарам шахрдор ё ин ид нест

О аз хамин 90 солагие, ки пули зиёд сарф мекунен намеша, ки мардума сер кнен, ойлики созшон бтен раксу бози ба ки даркор мухтарам шахрдор ба чои ин як кубури обро нав кнен, рохои махалахоро друст кнен, мардума чои кор бтен намеша се чор кас да и идотан мехураву дигаро тамошобин

Муҳтарам мири шаҳр дар кучаи Фазлиддин Шахобови ноҳияи Сомонӣ кабели барк аз зимиситон то хол дар рӯи замин хоб аст, ки аз он нокилҳои баландшиддати барк мегузарад ва хар рӯз аз болои он даҳҳо нафар одамон ва мошинҳо мегузаранд. Ки кафили бехатарии мардум аст?! Чаро барои бартарафи он чора намеандешанд, чаро курсинишинони барк аз идорахояшон боре хам намебароянд ҳоли мардумро бубинанд. Аз арзу шикоят ба идораҳои барқ ҳам мардум хаста шуданд.

Idi kharbuzau idi Kadu tamom shud )))) , ki bo 90 solagii

Фирдавс
Инхо МЕТАВОНАНД ё инхо ТАВОНИСТАНД...

..
Бас аст раксу бози раиси мухтарам. бехтараш шахрро обод кунед. Дар назар дорам микрорайонхоро. Тамоман ба чазира табдил ефтаанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)