Баҳси фурӯши барқ, сипос ва даъвати Аҳмадзай аз Эмомалӣ Раҳмон

Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури мунтахаби Афғонистон дар мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хостори тақвияти ҳамкориҳои Душанбею Кобул шудааст.
Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон дар ин мулоқот, ки рӯзи гузашта 29-уми сентябр сурат гирифтааст, бунёди хатҳои роҳи оҳану истеҳсолу интиқоли барқ, сохтмони корхонаҳои муштараки тавлиди семент, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва барномаҳои дигари иқтисодӣ баррасӣ шудаанд.
Ба иттилои манбаъ Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар навбати худ аз дастгирӣ ва пуштибониҳои Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, “мо аз дӯстони тоҷик, бахусус президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодоти ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват менамояд.”
Раисиҷумҳури Афғонистон аз ҷумла густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетика, коммуникатсия, кишоварзӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обиву энергетикӣ, ташаккули системаи ягонаи энергетикӣ ва таъсиси комиссияи муштараки дуҷонибаро зарур хондааст. Аҳмадзай дар ниҳояти мулоқот хостааст, Эмомалӣ Раҳмон дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ аз Афғонистон боздид намояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |