Пешниҳоди Матвиенко барои қабули қонуни умумии роҳ дар ИДМ
Валентина Матвиенко, роҳбари Шӯрои федералӣ, палатаи болоии парлумони Русия хостори қабули қонуни ягонаи ҳаракат дар роҳҳо барои тамоми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил шудааст.
Матвиенко, ки зимни Анҷумани байналмилалии амният дар роҳҳо дар Санкт Петербург баромад мекардааст, изҳори умед кардааст, ки чунин як қонун на дертар аз нимсолаи аввали соли оянда ба Асамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил пешниҳод хоҳад шуд: “Ин як замина барои парлумонҳои миллӣ хоҳад шуд, ки масоили амнияти ҳаракат дар роҳҳои ИДМ-ро ба фазои воҳиди ҳуқуқӣ ворид кунанд.”
Валентина Матвиенко муҳим хондааст, ки шаҳрванди як кишвари ИДМ дар роҳҳои кишвари дигари ин созмон худро бегона эҳсос накунад ва маҷбур нашавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои кишвари дигарро аз сари нав омӯзад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |