Посухи Билайн ба Кумитаи забон: “Любой ҷо” қонунист!

Ширкати мобилии “Таком”, ки зери тамғаи Билайн фаъолият дорад, изҳор медорад, ки номи тарифи наваш “Любой ҷо” қонунӣ буда, муҳтавояш бо забони давлатии тоҷикӣ шарҳ дода шудааст.
Ин нуқтаро Билайн дар посух ба Кумитаи забон ва истилоҳот баён дошт, ки ба иддаои ин ниҳод номи тарифи “Любой ҷо” мухолифи қонуни Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ ва нақзи меъёрҳои забони адабӣ мебошад.
Мария Веторази, масъули робита бо ҷомеаи Билайн дар шарҳи “Любой ҷо” номгузорӣ шудани тариф ба “Озодагон” гуфт, ки он соддаю фаҳмо буда, дар омма васеъ истифода мешавад ва инчунин аз омилҳои шӯхӣ бархӯрдор аст: “Ин ном ба таври пурра моҳияти тарифи навамонро инъикос мекунад, ки дар он тамосҳо ба ҳамаи операторони мобилӣ нархи дастрас доранд. Баъдан ин номи сода, хотирмон ва дорои омилҳои ҳаҷв мебошад. Иттилооти таблиғотии тарифи “Любой ҷо” низ дар доираи қонунгузории Тоҷикистон мебошад, чун ба забони тоҷикӣ баён шудааст. Инчунин дар маводи таблиғотӣ маънои “Любой ҷо” шарҳ дода шудааст.”
Билайн таъкид мекунад, ки истифодаи калимаҳои ғайр дар тамоми ҷаҳон як меъёри маъмулӣ буда, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ роиҷ аст.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи забони Тоҷикистон иддао дорад, ки Билайн мухолифи қонун дар бораи забони давлатӣ кор карда, ба ҷои номҳои тавсиядодаи ин ниҳод-“Ҳама ҷо” ва “Самти дилхоҳ” тарифашро “Любой ҷо” номгузорӣ кардааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |