АКС+ВИДЕО: Шаш ҳазор гӯсфанди $131-ии Кумитаи дин барои қурбонӣ дар Макка
Кумитаи дини Тоҷикистон аз харидории беш аз 6 ҳазор гусфанд барои зоирини тоҷик дар шаҳри Маккаи мукаррама хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, гусфандони мазкурро барои иҷрои яке аз рукнҳои ҳаҷҷи фарзии сокинони Тоҷикистон – қурбонӣ кардан харидааст. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, ки ҳоло дар шаҳри Макка қарор дорад, 30 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, барои ҳар зоир як гусфанд рост меояд, ки арзиши он 490 риёли саудӣ, муодили 131 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин гусфандон дар асоси шартномаи Кумитаи дин ва ширкати хизматрасон харидорӣ шудаанд ва дар робита ба ҳар як зоири тоҷик расиди махсус оид ба анҷом шудани қурбонӣ дода мешавад: “Бино ба гуфтаи масъулини ширкати хизматрасон аз миқдори умумии гӯшти гӯсфандони қурбонишаванда тақрибан 5 тоннаи он дар ихтиёри зоирини тоҷик гузошта мешавад, то онҳо низ аз қурбонии анҷомдодаи худ истифода намоянд”.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |