Бахшҳо

НАНСМИТ фатвои Шӯрои уламоро ғайриқонунӣ хонд

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ бо нашри як изҳорот фатвои ахири Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистонро зидди қонунгузории кишвар хонда, риояи онро ҳатмӣ надонистааст.

Дар ин изҳорот, аз ҷумла омадааст, “даъвати Шӯрои уламои Тоҷикистон ва гуноҳ хондани ҳамкорӣ бо ВАО-е, ки мақсадашон барҳам задани амну субот аст, ҷуз як назари пешвоёни мазҳабӣ беш нест”. Ин анҷуман гуфтааст, “бар асоси моддаи 1-и Сарқонуни кишвар “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”, аз ин бар меояд, дин дар Тоҷикистон аз давлат ҷудо ҳаст ва ҳаққи дахолат дар умури давлатдориро надорад”.

НАНСМИТ бо мисол овардани моддаи 30-и Сарқонуни Тоҷикистон, ки ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахборро кафолат медиҳад, таъкид кардааст, ин модда инчунин таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ кардааст: “Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд буда, дар он волоияти қонун амалӣ мешавад. Яъне, пеш аз ҳама бояд талаботи қонунгузориро ба назар гирифт, ки дар сатҳи ҳуқуқӣ қабул шудааст ва ҳеч як меъёри дигар наметавонад, ҷойгузини он гардад ва ба таври иҷборӣ мавриди иҷро қарор гирад”.

Анҷуман дар идома гуфтааст, “тибқи моддаи 8-и Сарқонуни кишвар, “мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гуруҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Бо ин ҳол, назари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хусусияти тавсиявӣ барои афроди диндор ва пайравони дини Ислом буда, риояи он ҳатмӣ намебошад".


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ман як чиро нафахмидам. Агар тавсияхои охири Шурои уламоро бинем аксаран хам зидди Куронанд ва хам зидди Сарконун. Инхо хангоми баровардани фатво ба чи такя мекарда бошанд?
Масалан дари хама мадарсахои исломиро бастанд, онхо як маротиба овоз баланд накарданд. Дар айни замон хама гуна таълимоти дини хатто барои калонсолон хам имконнопазир аст. Хатто мо наметавонем дар назди ягон мулло аз мазхаби Имоми аъзам хам таълим гирем. Агар ягон мулло мустакилона ба ягон кас таълими рузаву намоз дихад, хатман пагох уро узви ин ё он гурух эълон карда ба ягон бало мепечонандаш.
То 18- сола таълими ислом манъ аст, баъди 18-солаги хам назди касе рафтан ва омухтан манъ аст. Чи бояд кард?

Dev
Шамсиддин,
YAkum in ki dari hamai madrasahoi islomi basta nestand. Megui chi boyad kard? Boyad ba rohi hud gasht, durug naguft, duzdi nakard, ba kase badiro ravo nadid, dashnom nadod, kalonsolonro hurmat kard, hizmati padaru modarro kard, bo odamon mehrubon bud, bomadaniyat zist, zino nakard, ba duhtaron, zanon bo chashmi bad nigoh nakard!!! tamom tu musulmoni hakiki, joyat be shak (be rohbarii "Davlati islomi) bihisht va hurron turo intizor !!! Seyum baroi hamai in hislatu raftorro doshtan yagon mullo lozim nest , fakat kame akl lozim ast va hudojo shukr mo hama in nematro dorem!

Як таклиф хамин пешвоёни анчумани бо ном НАНСМИТ-ро ба Авгонистон, Сирия, Фаластин, Украина равон кардан даркор ки мардумро "мутит" безобита накунанд. Чи мардума боз ба гурухо таксим мекунед. Рузи гуфтаги ид кардан гир хато бошад дар гардани фатводиханда. Шукрона кардан лозим.

Asalomu aleykum , pistai be magz agar lab vo kunad rasvo shavad - ami yachira namedoni khubush khab ku , agar mo naravem peshi yagon kas az islom khabar dor nashem on chiz hoi ki tu megui hayotut da karda nametoni

Dev
ba dev,
Agar "hajotutada "karda natavoni pas tu na tanho musulmon nesti balki odami johili. Bubin ki jihodro bahri kushtani digar bandagoni hudo istifoda mekunand, vale baroi nekuii fikrhoi noodamonavu johilii hesh istifoda karda nametavonand.Jihod in yane tu boyad hudatro majbur kuni, hudatro sozi to odamona ,nek zindagi kuni.Vakte odam hud mukammal nest pas un shiorhovu masjidravuhovu rishu fash bahri chist? Albatta bahri firebi hudovu bandagonash ast va inchunin beshak firebi hud ast. Baroi hislathoi nekro doshtan ba nazdi mullo raftan shart nest.Hatogii buzurgi javononi mo ham dar on ki be kitobhonivu behudshinosi nazdi nimchamulloho meravand, chun magzashon-majnaashon betahkursi ast ba zuddi onhoro dar guruhhoi ifroti darmejobi...

Офарин Dev гапро магзаша гуфти. Илова ба ин китоб - ашъору хидоятхои бузургони гузаштаамон ба монанди Шамси Табрези, Руми, Носири Хусрав, Саъдию Хофиз, Хайёму Сино ва дигархо ки хеле зиёданд хондан даркор, ки аз руи ашъори онхо чахон амал карда истодааст на аз кафои ким кадом нимча муллло давидан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)