Парвандаи ҳалокати кӯчаруб: “ҳамтақдир”-и қазияи Расули Амонулло ё мошиншӯи 21-сола?

Абдулазизи ВОСЕЪ
Суръати як худрав бояд чанд бошад, ки инсонеро чанд пора бисозад: 120, 130, 180, 200 ё 300? Оё имкон дорад, сабукраве бо суръати 60, 80 ва 100 одамро аз миён ҷудо намояд ва як пояшро ба масофаи даҳо метр дуртар аз дигараш афканад?
Тақдир буда, ки риштаи умри Зеварбону Пироваи 53-сола зери чархи мошин канда шавад. Танҳо Худо медонад, ӯ дар кадом ҳолат ҷони худро ба ҷонофарин таслим кардааст. Он гуна, ки наздикони Зеварбону мегӯянд, ҷасад “ягон ҷои обод” надоштааст. Аз ин рӯ, ба бештари хешовандони ӯ дар рӯзи ҷаноза, иҷоза надодаанд, бори охир рӯяшро бубинанд. Ҳатто нагузоштаанд, ба сони сафед, ки дарунаш пораҳои алоҳидаи узвҳои баданаш ҷамъ оварда шудаанд, даст бирасонанд...
Аз Зеварбону чор фарзанд монда. Писари бузурги ӯ, ки ҳамроҳ бо шавҳараш дар Русия мардикор будаанд, ҳатто ҳамон дидани сони сафед, муясар нашуд.
Зеварбону сокини ноҳияи Синои пойтахт буда ва чанд соли охир ба ҳайси роҳрӯб фаъолият доштааст. Зимни суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” ҳамкорони ӯ, гуфтаанд, “як инсони хубе буд”. Ба гуфтаи онҳо мехост писари хурдияшро хонадор кунад, орзӯе, ки акнун ба хок бурд.
Ба қавли ин роҳрубон, Зеварбону маҳалли як ҳамкорашонро, ки ахиран бо далели бознишастагӣ аз кор рафта буд, низ тамиз мекард ва ҳангоми рафтан ба ҳамон минтақа мошин зераш кардааст. Аз дидани ин ҳолат ду кӯчаруб аз ҳуш рафтаанд. Гуфта мешавад, ронанда баъди он ки Зеварбонуро зер кард, мошинро нигоҳ надошта, ҳамчунон ба роҳаш идома додааст.
Рӯзи ҷаноза аллакай гап-гап буда, ки ронандаи мошин корманди прокуратура аст ва дар кӯчаи Чехов зиндагӣ мекунад, маълумоте, ки ҳанӯз расман тасдиқ ё рад нашудааст. Ба қавли шоҳидон, роҳрубони ҳамкори Зеварбону, воқеа соати 4:30-и субҳ ба вуқӯъ пайвастааст. Дар соате, ки танҳо роҳрубон дар кор ҳастанд. Як корманди додситонӣ ё ҳар идораи давлатӣ ё ғайридавлатии дигар дар ин соат ба куҷо меравад: ба кор ё аз кор бармегардад?
Бозрасии давлатии автомобилӣ аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунад. БДА-и ҷумҳуриявӣ мегӯяд, бо сабаби он ки ин ҳодиса дар ҳудуди шаҳри Душанбе шудааст, наметавонад маълумот бидиҳад. БДА-и шаҳрӣ аз боздошти як ронандаи “Мерседес” хабар доду бас ва танҳо наздикиҳои аср гуфт, парвандаро ба прокуратура ирсол кардаву “салоҳият”-и суҳбат кардан дар ин мавзӯъ дигар дар ихтиёраш нест. Сомонаи Вазорати умури дохилӣ бошад, аз садамаи як “дучархаи тамғаи “Скутер” хабар додааст, ки “ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Хуҷанд-Ғафуров аз беэҳтиётии худ” як пиёдагарди 34 соларо маҷруҳ кардааст.
Ҳоло дигар танҳо интизори адолати додгоҳӣ мешавем. Бубинем, ин адолат мисли парвандаи пурсару садои Расули Амонулло, ки се куштаву се маҷруҳ бар ҷой гузошт, бо 120 сомонӣ аз ҷайби модари писари собиқ раҳбари роҳи оҳан барқарор мешавад ё монанди мошиншӯи 21-сола, ки бо “Мерседес”-и як мизоҷаш дар Душанбе се садама карда, аммо касе ба ҳалокат нарасид, бо 7 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш пурзӯр. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |