Нашри фатвоҳои Эшони Тураҷон

Як бахше аз фатвоҳои марҳум Эшони Муҳаммадрафиъ, машҳур ба Эшони Тураҷон, падари бародарон Тураҷонзодаҳо аз забони арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Ин фатвоҳоро торнамои хонаводагии Turajon.org мунташир карда, навиштааст, ҳанӯз як қисми онҳо дар ҳоли баргардонанд ва ояндаи наздик дастраси корбарон хоҳанд шуд. Ба иттилои торнамо, Эшони Тураҷон дар айёми зиндагии худ ҳар фатвое додааст, ба таври хаттӣ низ сабт шуда, ҳоло наздиконаш беш аз ҳазор варақаи хурду калон аз ин фатвоҳоро доранд.
Фатвоҳои нашршудаи Эшони Тураҷон иборат аз ду қисм – “Таҳорат” ва “Намоз” буда, ҳудуди 20 бобро дар бар мегирад.
Эшони Муҳаммадрафиъ баҳори соли 1934 дар хонадони руҳонӣ - Эшони Халифа Абдулкарим дар деҳаи Пичеф (Ромит) ба дунё омадааст. Ӯ ба иловаи ҳифзи Куръони Карим, аҳодиси набавӣ, ақволи фиқҳӣ, китоби “Маъданулҳол”-и Ҷунуниро ба пуррагӣ азёд карда, илми фиқҳро дар назди домулло Абдулҷалил ва илми таҷвиду миросро аз домулло Абдуссамад омӯхтааст. “То синни 18 солагӣ дар ҳузури уламо дарс омӯхта, баъдан ба ҷамъоварии китобҳои нодир дар улуми фиқҳу тафсир, ҳадису торих, адаб ва ғайра шурӯъ кардааст. Ҳар китобе, ки дастраси ӯ мешуд, ба тариқи худомӯзӣ мутолиа мекард. Китобҳои эшон тақрибан ба хазорҳо мерасад, ки аксари онҳо нодир ва дастхат ҳастанд”,-навиштааст торнамо дар шарҳи ҳоли ӯ.
Эшони Тураҷон бо тавсияи яке аз дӯстонаш симмати имом-хатибиро интихоб карда, дар масҷиди қарияи Роҳатӣ зиёда аз 34 сол аз тариқи минбари масҷид ва маросиму маҳофил ба мардум аз суханони Худованду паёмбараш (с) мавъизаҳо кардааст. Соли 1994 то соли 1998 дар ҷумҳурии Қазоқистон, сипас дар ҷумҳурии исломи Эрон муҳоҷир буда, соли 1998 ба Ватан бармегардад. 5 августи соли 2005 баъд аз бемории шадид аз олам чашм пӯшида, ҷанозаааш дар деҳаи Ваҳдатобод (Туркобод) ба хок супорида шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |