ҲНИТ гуфт, дар танҳоӣ вориди корзори интихобот мешавад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар аз омодагӣ барои иштирок дар интихоботи парлумонии 2015 хабар медиҳад. Ин ҳизб мегӯяд, 16 декабри соли ҷорӣ анҷумани пеш аз интихоботии худро баргузор хоҳад кард.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин тасмим дар пайи нишасти Раёсати олии ҳизб рӯзи 28 сентябр дар қароргоҳи марказии он дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Ба гуфтаи Файзраҳмонов, Раёсати олии ҲНИТ баъд аз шунидани гузориши ситоди омодагӣ ба интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015-и Тоҷикистон, ба хулосае омадааст, ки бо вуҷуди фишору таҳдидҳо алайҳи пайравонаш дар ин корзори сиёсии кишвар иштирок хоҳад кард.
Файзраҳмонов мегӯяд, Раёсати олии ҲНИТ ширкат дар интихоботро барои субот ва пешрафти кишвар муҳим арзёбӣ карда, бо аксарияти раъй аз он ҷонибдорӣ намуд:“Фишорҳо ва монеъагузориҳои зиёди мақомот болои ҳизбро мавриди таҳлил қарор дода, онро дар муқоиса ба вазъи соли 2010 ақибравӣ ва дасткашӣ аз дастовардҳои демократӣ баҳогузорӣ карданд. Бо назардошти вазъи нигаронкунандаи минтақа, фаъол гаштани неруҳои мухолиф ба равандҳои демократӣ ва тундрав, фишор болои аҳзоб ва гуруҳҳои қонунмеҳвар ва муътадил фазои интихоботиро печида гардонидааст. Пас аз баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба , Раёсати олии ҲНИТ ширкат дар интихоботро барои субот ва пешрафти кишвар муҳим медонад.”
Инчунин Раёсати олии ҲНИТ бо содир намудани қароре барои пешгирӣ аз тақаллуб дар интихобот ва фишорҳои эҳтимолӣ болои аъзо ва ҷонибдорон дар раванди интихобот ба андишидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла тақвияти бахши иттилоърасонӣ, омузиши ҳуқуқӣ ва сиёсии фаъолони ҳизб, истифода аз равишҳо ва шеваҳои муосири таблиғотӣ дар маъракаи интихобот дастур додааст.
Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин ҷаласаи раёсати олии худ ба масъалаи ташкили эътилоф дахл карда, ба танҳоӣ рафтан ба интихоботро авлавият додааст. Аммо ба гуфтаи масъулини ҲНИТ, дари онҳо барои ҳамкорӣ бо ҳама ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсони алоҳида боз мебошад: “Меъёрҳои асосӣ барои ҳамкорӣ қонуният, манофеъи милливу давлатӣ, арзишҳои муштараки миллӣ ва демократӣ, инчунин, шаффофияти интихоботҳо мебошанд.”
Раёсати Олии ҲНИТ карор кардааст, ки барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии худ аз шаҳрдории Душанбе толор хоҳад хост. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |