Бахшҳо
29 сен 2014 16:14Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Олимов: Ҷинпин нахустин меҳмони хонадони Эмомалӣ Раҳмон буд

Рашид Олимов, сафири Тоҷикистон дар Чин, ки аз зирактарин дипломатҳои тоҷик арзёбӣ мешавад, дар суҳбат бо “Женмин Жибао”, сершуморатарин рӯзномаи чинӣ муносиботи ду кишварро баррасӣ кардааст.

Олимов сафари ахири раисиҷумҳури Чин, Син Ҷинпинро ба Душанбе зикр карда, таъкид намуд, ки ин чорумин мулоқоти расмии ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар якуним соли охир аст: “Муносиботи Чину Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкории стратегӣ ворид гардиданд. Муносибот бо Чин аз афзалиятҳои ҳамкории хориҷии Тоҷикистон мебошад.”

Олимов махсусан таъкид намудааст, ки муносиботи шахсии роҳбарони Чину Тоҷикистон низ дӯстона ва дорои эътимоди тарафайн мебошанд. Дар қатори натиҷаҳои амалии муносиботи дӯстонаи ду роҳбар Олимов лоиҳаи бунёди лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, Маркази гарму барқдиҳии Душанбе, роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, Маркази аграрии технологияҳои навин, корхонаи бузурги сементбарорӣ ва дигар лоиҳаҳоро номбар кардааст, ки аз ҷониби Чин дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд.

Барои исботи муносиботи хосаи роҳбарони ду кишвар Олимов зиёфати ғайрирасмии хонадони Эмомалӣ Раҳмонро барои Син Ҷинпин мисол овардааст: “Раисиҷумҳури Чин ва ҳамсараш Пэн Лиюан нахустин меҳмонҳо дар таъриханд, ки шахсан Эмомалӣ Раҳмон дар оилааш меҳмондорӣ кардааст. Дар муҳити ғайрирасмӣ сарони ду давлат на танҳо “корҳои оилавӣ”-ро баррасӣ намуданд, балки тавонистанд дар масоили мавриди назари ҳар ду ҷониб, ки ба манфиати ҳар ду халқу давлатанд, табодули назар кунанд. Барои Син Ҷинпин ин фурсати хуб барои шиносоӣ бо таомҳо ва анъанаҳои миллии тоҷикон буд.”

Зиёфати оилаи Эмомалӣ Раҳмон барои Син Ҷинпин, раҳбари Чин ва ҳамсараш 12-уми сентябри соли равон барпо шуда буд. Зимни сафари Син Ҷинпин ҳудуди 16 санад ба имзо расида, ба иттилои мақомоти тоҷик дар сурати татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда Тоҷикистон ҳудуди 6 миллиард доллар сармояи мустақим хоҳад гирифт.
Мӯҳр
....
Олимов хеч аз хамон коргари комсомол буданаш намонд. Факат понт.

Рашидако Олимов байракбардор+пионери комсомолони асри 21. Як чахон ташаккур ба ту !

камол
....,
хуни комунистиву комсомол тоза намешавад -

ДОмулло Осими худорахмати хусури Рашид-ако зинда мебуданд, расо хурсанд мешуданд.

Донишчу аз Чин
Ин Рашид Алимов аз ҳамин воҳимаҳош намонд, ки намонд дия!!
Дар Хитой ягон университет намонд ки Алимов дар он чо унвони профессор ё доктори фахрӣ нагирифта бошад.
Масхарабози дарачаи олиш ин кас.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)