Аниса Собирӣ хостори ҷалби нависандаҳои ҷавон ба Конгресси PEN шуд

Конгресси 80-уми PEN, созмони ғайриҳукуматии байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек – пойтахти Қирғизистон ба кори худ шуруъ кард.
Ин ҳамоиш то 2 октябри соли ҷорӣ идома меёбад ва дар кори он нависандаҳо аз 80 PEN-марказҳо, аз ҷумла марказҳои воқеъ дар Британияи Кабир, Канада, Тоҷикистон, Русия ва ғайра иштирок хоҳанд кард.
Ҷон Ролстон Сол, президенти Бошгоҳи байналмилалии PEN дар расми ифтитоҳи ҳамоиш гуфт, бори аввал аст, бошгоҳ нависандаҳо аз тамоми гӯшаву канори оламро дар Осиёи Марказӣ ҷамъ менамояд: “Ин минтақа, ки бо Русия ва Чин ҳамсарҳад аст, ҳоло бо мушкилоти муҳими сиёсию иҷтимоӣ рӯбарӯст. Дар ҷойе гирди ҳам меоем, ки тавони овардани суд ба он минтақаро дорем”.
Дар шарҳи ин гуфтаҳои оқои Сол, Аниса Собирӣ, нависандаи тоҷик баргузории ин конгрессро барои фарҳанги минтақа бисёр муҳим арзёбӣ карда, хостори ҷалби нависандагони ҷавон ба он шуд. Дар конгресси мазкур, инчунин Барзу Абдурразоққов, Сиёвуш Ҷунайдӣ ва Зафари Суфӣ иштирок доранд.
Бошгоҳи байналмилалии PEN соли 1921 таъсис ёфта, як созмони байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи нависандаҳо ба шумор меравад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |