АКС: Хаймазаниҳо дар Арафот барои зоирони тоҷик
Маъракаи сафарбаркунии шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо ба поён расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дин, ниҳоди танзимкунандаи сафари зоирини тоҷик ба ҳаҷ, шоми 28 ба 29 сентябри соли равон охирин гуруҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ин гуруҳ баъд аз адои ҳаҷҷи умра ба иҷрои маносики ҳаҷҷи фарзӣ омодагӣ хоҳанд дид.
Афшини Муқим, сухангӯи ин кумита мегӯяд, ҳоло масъулини ин ниҳод дар шаҳри Маккаи Мукаррама ба омодасозии хаймаҳо дар водии Мино ва Арафот машғуланд: “Мутобиқи меъёри иҷрои маносики ҳаҷ зоирон чанд рӯзе дар ин маконҳо иқомат хоҳанд дошт”.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Ба иттилои Кумитаи дин, имсол беш аз 6 ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |