АКС: Амрико аз кайҳон: Шарқи Арал пурра хушк шудааст
Раёсати миллии Амрико оид ба ҳавонавардӣ бо нашри як гузориш гуфтааст, барои бори аввал дар таърих қисмати шарқии Баҳри Арал пурра хушк шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод тобистони соли 2014 як марҳилаи назарраси хушкшавии Баҳри Арал буд, ки аз солҳои 1960 инҷониб идома дорад. Амрикоиҳо акси Баҳри Аралро аз кайҳон нашр кардаанд, ки 19-уми августи соли равон гирифта шуда, дар он қисмати шарқии Арал пурра хушк аст. Барои муқоиса акси моҳи августи соли 2000-ум низ нашр гардида, инчунин бо хатти сиёҳ соҳилҳои Баҳри Арал дар соли 1960-ум кашида шудааст.
Акси Баҳри Арал-тобистони соли 2014
Баҳри Арал дар тобистони соли 2000
Филип Майклин, ҷуғрофидони Донишгоҳи Мачигани ғарбӣ ва коршинос оид ба Баҳри Арал хушкшавии онро натиҷаи зиёд кардани майдонҳои корам дар ҳавзаи дарёҳои Аму ва Сир арзёбӣ карда, таъкид намудааст, ки обшавии яхҳои Помир низ ин равандро тезондааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |