Оғози мурофиаи Фахриддин Зокиров ва дархости “хомӯш”-ии расонаҳо

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифои соҳибкори зиндонӣ, Зайд Саидов оғоз намудааст.
Наздикони Фахриддин Зокиров ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки нахустин мурофиаи додгоҳии ӯ рӯзи ҷумъа, 26-уми сентябр доир гардид ва зимни он Зокиров бо изҳори миннатдорӣ аз ВАО ва афроде, ки барои дастгирии ӯ овоз баланд намуда буданд, дархост кардааст, ки то ҳалли ниҳоии парвандааш атрофи қазияи ӯ мавод пахш накунанд.
Ба иттилои манбаъ Фахриддин Зокиров дар шарҳи ин дархосташ афзудааст, “ин фақат ба хотири он, ки ҳангоми эълони бегуноҳӣ иштироки васоити ахбори умум ва пахш маводҳоро оиди мурофиаи судӣ, хамчун фишор ба ҳокимияти судӣ баҳо надиҳанд”.
Фахриддин Зокиров шаби 6 март аз сӯи кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Расман, Зокиров ба гирифтани қарзи бонкӣ ба миқдори ниҳоят зиёд бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Фахриддин Зокиров яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав аст ва боздошти ӯ дар ҳоле сурат гирифт, ки қаблан ӯву ҳамкоронаш аз расидани СМС-ҳои таҳдидомез шикоят карда буданд. Қаблан Зокиров дар суҳбате бо Исҳоқ Табаров, вакили дигари Зайд Саидов боздошташро ба фаъолияти касбияш, аз ҷумла ҳимояти ҳуқуқҳои Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик рабт дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |