Бахшҳо

Баҳси амният ва 3 246 667 $ дар мулоқоти Озодаи Эмомалӣ бо Эллиот

Озода Эмомалӣ Раҳмон, муовини аввали Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Сюзан Эллиотт, сафири ИМА зери иловаи №15 ба Созишномаи байни ҳукуматҳои Амрико ва Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва ҳамкорӣ дар бахши дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имзо гузоштаанд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Душанбе хабар доданд, дар доираи ин санад, Амрико барои идомаи дастгирии барномаҳо доир ба таъмини амнияти марз, ҳифзи ҳуқуқ, мубориза зидди маводи нашъаовар, хариду фурӯши одамон ва рушди соҳаи адлия дар Тоҷикистон 3 246 667 доллар ихтисос медиҳад.

“Ин кумаки ҳукумати ИМА имкониятҳои идораҳои ҳифзи ҳуқуқу амнияти Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар вусъат дода, талошҳои Тоҷикистонро дар самти ислоҳоти милитсия тавассути ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва омӯзиш барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгирӣ хоҳад кард. Ҳамчунин ин кӯмак ба иқдомот дар ҷодаи волоияти қонун дар Тоҷикистон таҳким бахшида, ба ислоҳот дар факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва мунтазам гузаронидани омӯзишҳо барои ҳимоягарони парвандаҳои ҷиноӣ бо мақсади инкишофи сохтори судии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард”,-афзуд манбаъ.

Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кумакҳои башардустона, барои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон, беш аз 1 миллиард доллар ҷудо кардааст.

Мӯҳр
равшан
Афсус ин маблаг хам метарсам,ки боз обулой нашавад.

суруш
бо гушти гов ва гусфанди курбони зиефат кардани саидмукаррамро боз фаромуш накунедмегума хахахаханакуш

j,e kjq
ОБУ ЛОЙ МЕШАДДДДД...чи хел кайф-а?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)