Райисҷумҳури нави Афғонистон гуфт аз Ислом ҳимоят мекунад

Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури нави Афғонистон дар савганди худ ҳимоят аз дини Исломро ба сокинон ваъда дод.
Ӯ 29 сентябр дар маросими вижае гуфт, “савганд ёд мекунам, дини мубини Исломро ҳифозат намуда, тамомияти арзии Афғонистонро ҳифз намоям”. Дар ин маросим ду муовини ӯ, Абдурашид Дустум ва Сурур Дониш низ савганди вафодорӣ ёд кардаанд. Дар идома доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ ва муовинонаш- Муҳаммад Хон ва Муҳаммад Муҳаққиқ ҳам савганд ёд карданд.
Дар оғози маросими савгандёдкунӣ Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури акнун собиқи Афғонистон суханронӣ карда, гуфт, барои ӯ боиси ифтихор аст, ки қудратро ба таври мусоламатомез месупорад. Карзай илова намуд, бовар дорад, ҳукумати ваҳдати миллӣ таъмини сулҳу субот дар кишварро меҳвари барномаҳои худ қарор хоҳад дод. Раисиҷумҳури пешини Афғонистон аз сокинони кишвараш хост, бо ҳукумати нав ҳамкорӣ кунанд.
Рӯзи 21 сентябр ду номзади интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон - доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашараф Ғанӣ Аҳмадзай ба баҳсҳои худ нуқта гузошта, тавофуқнома дар бораи ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро имзо карданд. Тибқи ин тавофуқ, Ашараф Ғанӣ раиси ҷумҳур ва доктор Абдуллоҳ, мақоми раёсати иҷроии Афғонистонро ба душ хоҳанд дошт.
Дар маросими савгандёдкунии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, Хайрулло Асозода, вазири нақлиёт ва Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии кишвар ҳузур доранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |