Дар Ёвон бо гови ҷушо ва мошинаи дарздузӣ тиҷорати хурдро ривоҷ доданиянд
20 зани бешуғли доимии Ёвон ба дарёфти гранти райиси ноҳия мушарраф гардидаанд.
Зумрат Бобошоева, муовини раиси ноҳияи Ёвон ба “Озодагон” гуфт, ин занҳо тавассути озмун интихоб шудаанд: “Дар озмун аз 9 ҷамоати ноҳия 40 зан иштирок намуд ва танҳо 20 нафар ғолиб дониста шуданд”.
Ба қавли ӯ, маблағи умумии грант 50 ҳазор сомонӣ буда, ғолибон барои рушди тиҷорати хурд ҳар кадом 2 500 сомонӣ гирифтаанд. “Бонувони ғолиб аллакай корро оғоз карда, бо маблағи грант мошини дарздузӣ ё гови ҷушо харидаанд”,-афзуд Зумрат Бобошоева.
Ин барои аввалин бор аст, ки дар вилояти Хатлон барои занҳо грантҳои ноҳиявӣ дода мешавад. Дар гузашта барои ривоҷи соҳибкории хурд ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба занҳои хатлонӣ бо фоизи кам қарзҳо медоданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |