Се рӯз истироҳати тоҷикистониён дар Иди Қурбон
Сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Иди Қурбон, яке аз ду иди бузурги мусулмонони ҷаҳон се рӯз истироҳат хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аз 4 то 6 октябри соли ҷорӣ дар кишвар рӯзҳои истироҳат эълон шуда, 7 октябр рӯзи корӣ мебошад. Манбаъ мегӯяд, азбаски Иди Қурбон ба рӯзи истироҳатии якшанбе, 5 октябр рост омадааст, бар асоси қонуни Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи душанбе – 6 октябр низ истироҳат эълон мешавад.
Иди Қурбон яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон аст, ки ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои навадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабӣ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, гӯшти онро ба афроди камбизоат медиҳанд
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |