Аввалин медал: Дилшод Назаров - қаҳрамони Бозиҳои XVII Осиё
Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар Бозиҳои XVII Осиё дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ дар гурзандозӣ унвони қаҳрамони ин мусобиқотро ба даст овард.
Вай дар сабқати гурзандозӣ байни мардон, ки шоми имрӯз, 27-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии Инчон баргузор шуд, бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Ин аввалин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои XVII Осиё ба шумор меравад.
Инчунин зодаи дигари Тоҷикистон Сӯҳроб Хоҷаев, ки Узбакистонро намояндагӣ мекард, ҷойи 5-умро соҳиб шуд.
Дилшод Назарови 32-сола барои бори саввум дар Бозиҳои Осиё ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд. Ин нахустин нишони тими Тоҷикистон дар Бозиҳои имсола дар Инчон аст. Тими Тоҷикистон, ки иборат аз 150 нафар, бо шумули 91 варзишгар, ба Бозиҳои 17-уми Осиё омадааст, тайи 7 рӯзи аввали ин мусобиқот ягон медал ба даст наоварда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |