Эмомалӣ Раҳмон ба Рӯзи мавлудаш рост омадани Иди забонро шарҳ дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як паём тамоми мардуми кишварро бо Иди забон табрик гуфтааст, ки 5-уми октябр дар рӯзи мавлуди раисиҷумҳур таҷлил мегардад.
Ӯ дар паёмаш хабаргузории миллии “Ховар” нашр кардааст, омили аз рӯзи 22-юми июл ба рӯзи 5-уми октябр таъин шудани Иди забонро шарҳ дода гуфт, “25 сол қабл, яъне 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забон қабул шуд ва он барои тоҷикон рӯзи таърихӣ гардид. Аммо бо сабаби он, ки рўзи 22-юми июл ба давраи таътили тобистонии мактабҳо ва донишгоҳҳову донишкадаҳои мамлакат ва рухсатии кормандони ташкилоту муассисаҳо баробар меояд, ширкати фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардид.”
Бинобар ин ба гуфтаи раисиҷумҳур Иди забон 5-уми октябр таъин гардидааст, ки рӯзи қабули қонуни нави Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» мебошад: “Қонуни нави забон дар Тоҷикистон 5 октябри соли 2009 қабул гардид ва дар асоси ҳамин санади муҳим ин рӯз ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид шуд.”
Эмомалӣ Раҳмон дар зикри чораҳо барои нигоҳ доштани забон таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳотро ном бурда, афзуд, ки ҳадаф аз таъсиси Кумита назорати иҷрои муқаррароти қонун, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳои гуногун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмўъ, татбиқи сиёсати давлатии забон мебошад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз моддаи дуюми Конститутсияи Тоҷикистон ёд овардааст, ки дар он забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эълон шудааст: “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |