Аҳмадзай баъд аз қасамхӯрӣ бо Амрико паймони амниятӣ мебандад
Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури нави Афғонистон баъд аз маросими қасамёдкунии худ зери тавофуқномаи амниятӣ бо Амрико имзо хоҳад гузошт.
Дар ин бора Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи сафед дар як нишасти хабарӣ иттилоъ додааст. Ӯ гуфтааст, бар асоси пешбиниҳои Амрико раисиҷумҳури нави Афғонистон рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ баъд аз маросими савгандёдкунӣ паймони дуҷонибаро имзо хоҳад кард.
Ин паймон яке аз танишангезтарин мавридҳои моҳҳои охири кори Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон будааст. Қарор буд, ин паймон замони ҳукуматдории Карзай ба имзо бирасад, аммо ба далели ихтилофи назарҳои ӯ бо Амрико ба таъхир афтод.
Рӯзи 21 сентябр ду номзади интихоботи раёсатҷумҳури Афғонистон - доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашараф Ғанӣ Аҳмадзай ба баҳсҳои худ нуқта гузошта, тавофуқнома дар бораи ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро имзо карданд. Тибқи ин тавофуқ, Ашараф Ғанӣ раиси ҷумҳур ва доктор Абдуллоҳ, мақоми раёсати иҷроии Афғонистонро ба душ хоҳанд дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |