Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Тоҷиконро чӣ ба ҷангҳо мебарад: Пул, ақида ё беақлӣ?

Дар пасманзари хабарҳо оиди афзоиши ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ онро мояи нигаронӣ хонд, “Озодагон” аз таҳлилгарон омили сафари ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои хориҷӣ суол кард:
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос
Яке аз сабабҳои рафтани ҷавонон ба ҷанги Сурия, пеш аз ҳама сабаби молӣ мебошад. Мардуми камбағал онҷо мераванд ва ҳар ҷанговар дар як моҳ пул мегирад. Аз ҷониби дигар, афроде ҳастанд, ки дар зери таъсири идеологияи ифротгароён ба ин ҳаракат шомил мешаванд. Омили дигар маҳдудияти сиёсиву динии шарҳрвандон аст. Онҳо мегӯянд, ки бубинед, дар Тоҷикистон занону кӯдаконро ба масҷид намемонанд, ин маънои онро дорад, ки Исломро дар ин кишвар пахш мекунанд ва яке аз омилҳое мебошад, ки ҷавононро ба ин кишварҳо ҷалб мекунад.
Бобоҷони Икром, коршиноси масоили минтақавӣ
Бекорӣ ва бенавоӣ яке аз сабабҳои асосӣ иқтисодӣ аст. Мо таъсири сиёсати пешгирифтаи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар кишварро ҳанӯз эҳсос накардаем. Ба ҷуз ҳабс кардан, ба ҷуз ҷазо додан ба ҷуз ҷавононро дар ҷои ҳодиса дастгир кардан, дигар корҳои тарбиявӣ дар сатҳи давлатӣ ба таври бояду шояд ташкил накардаем. Ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки имрӯз дар Тоҷикистон амал мекунанд, ҷавононро ба сўйи худ ҷалб мекунанд ва барои сафар кардан ба Сурия мусоидат мекунанд. Фардо ин ҷавонон бо ақидаҳои иртиҷоӣ мусаллаҳ мешаванд, бармегарданд ба Тоҷикистон ва мушкили зиёд ба сари мардуми тоҷик меояд. Ин ҳушдор саривақтист.
Усмон Солеҳ, сухангўи ҲХДТ
Шабакаҳои пинҳоне дар Русия, Туркия, Тоҷикистон ва умуман минтақа ҳастанд, ки барои ҷалби ҷавонон кор мебаранд. Баъзе хабарҳо дар худи Тоҷикистон паҳн шуд, ки нафарони аз суйи мақомоти интизомӣ боздоштшуда дар ҷанги Сурия ширкат кардаанд. Дар Русия аз ҳисоби муҳҷирони корӣ нафаронро истихдом мекунанд. Баъзе одамон сода ҳастанд, намефаҳманд, шояд бар ивази маблағе бошад, розӣ мешаванд, мераванд, вале оқибаташро фикр намекунанд. Ман фикр мекунам, ки доираҳои муайяне ҳастанд, ки ба ҳамин корҳо машғуланд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои раисиҷумҳури Тоҷикистон то ҳол танҳо дар Сурия беш аз 30 ҷангии тоҷик фавтидаанд. Теъдоди умумии иштирокдорони ҷангҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон аз 200 то 500 нафар арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |