Профессор Табаров аз Убайдуллоев хизматгор мехоҳад

Соҳиб Табаров, адабиётшиносони маъруфи тоҷик, ҳамсоли шаҳри Душанбе, ки имсол ба синни 90 мерасад, аз Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт як хизматгор талаб дорад.
Табаров шоми 26-уми сентябр дар суҳбат бо хабарнигори телевизиони “Пойтахт” гуфт, ба далели пирӣ ва вазъи бади саломатияш феълан ба як хизматгор ниёз дорад, ки ӯро нигоҳубин кунад: “Дар урфият мегӯянд одам, ки пир шуд як пояш дар гӯр асту як пояш берун аз гӯр. Ман, ки дар ин синни 90 расидам, акнун алами ятимиям аз нав дард мекунад. Ман муҳтоҷи як хидматгори доимӣ мебошам, ки либосҳоямро пӯшонад, дар шустушӯ кӯмак кунад”.
Ин донишманди тоҷик афзуд, ки “агар раиси Душанбе ғамхорӣ кунаду бо дастури махсуси худашон барои хизматҳои Соҳиб Табаров дар назди миллат ва шаҳри Душанбе як хизматгорро таъмин кунад, хуб мешуд.”
Ванда Витолдовна ҳамсари Соҳиб Табаров, ки дар муддати 63 сол зиндагии якҷоя доштаанд, тирамоҳи соли 2008-ум дунёро падруд гуфта буд. Онҳо ду фарзанд-як писар ва як духтар доранд.
Соҳиб Табаров, узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаллифи зиёда аз 850 асару таълифоти илмӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |