Роҳи кӯтоҳ ба зебоию ҷавонӣ: Ҷарроҳиҳои муосиртарини пластикӣ дар Ибни Сино

Беморхонаи Ибни Сино дар Душанбе бо вуруди таҷҳизоти муосири тиббӣ ва ҷалби мутахассисони варзидаи хориҷӣ ба шаҳрвандоне, ки аз симои зоҳирияшон розӣ нестанд, имкон фароҳам овардааст, ки тариқи ҷарроҳии пластикӣ ҷавону зебо шаванд.
Бунафша Ҳайдарӣ, коршиноси мушовара ва корҳои зебоӣ дар шарҳ ва муаррифии хизматрасониҳои нави Шуъбаи ҷарроҳии пластикӣ ва зебоии Ибни Сино гуфт, “шумо имкон доред ба симои зоҳирии худ таровату зебогии хоса илова намуда, аз баъзе ҷузъиёте, ки шуморо то ин замон нороҳат мекарданд -аз қабили холҳои зиёдатӣ, шакл ва сохти бинӣ, муйҳои нолозиму зиёдатӣ дар бадан, халос гардед. Бо ёрии мутахассисони варзидаи хориҷӣ шумо имкон пайдо мекунед пӯсти рӯятонро нав карда, доғҳои зиёдатии чеҳраатонро нопадид созед. Ҳамзамон барои ҷавонсозии пӯсти руй, сервитамин ва обдармонӣ кардани он дар Бемористони Ибни Сино ҳама шароит бо стандарти аврупоӣ муҳайё карда шудаанд. Муҳим аз ҳама тавассути дастгоҳҳои муосир дар аввал намуд ва махсусиятҳои пӯсти рӯи шумо пурра ташхис гардида, сипас усули мувофиқтарин барои табобати он аз қабили лазер, обдармонии сурат, микродерм ё ориф интихоб карда мешавад.”
Бунафша Ҳайдарӣ илова намуд, ки ҳамзамон дар бахши ҷарроҳии пластикӣ ва зебоии Ибни Сино баҳри рафъ намудани нишонаҳои зоҳирии васеъшавии рагҳои хунгарди пойҳо (варикоз) корҳои муфиде анҷом дода мешавад.
Роҳандозии хизматрасониҳои нав дар беморхонаи Ибни Сино дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳолдонҳо то ҳозир бисёри мухлисони зебоию ҷавонӣ барои ҷарроҳиҳои пластикӣ бо харҷи вақту маблағи ҳангуфт ба хориҷа мерафтанд. Аммо феълан ин хизматрасониҳо дар Ватан ҳам роҳандозӣ шуда, атбои Тоҷикистон бо харҷи вақту маблағи камтар ба зебоию ҷавонӣ дастрасӣ хоҳанд ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |