Парвандаи Илёсови “бемор”, муттаҳам дар 4 куштор ба додгоҳ меравад
Мақомоти тафтишотии вилояти Новгороди Русия таҳқиқи парванда алайҳи шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон, Дӯстмурод Илёсовро ба анҷом расонда барои тасдиқи айбнома ба додситонӣ ирсол намудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии вилояти Новгород Илёсов моҳи майи соли гузашта дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Окуловка, ки он ҷо дар як ферма кор мекардааст, бо корд 3 зан ва як мардро ба ҳалокат расондааст. Дар пайи ин қасди куштори шоҳиди ҳодиса, шаҳрванди Узбакистон кардааст, аммо дуюмӣ тавонистааст, аз дасти ӯ халос шавад.
Қаблан ташхиси тиббӣ муайян намуд, ки Илёсов бемор аст ва бо қарори додгоҳ ӯ барои табобати ҳатмӣ ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ интиқол дода шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, табобати ҳатмии Илёсов моҳи июни соли равон ба охир расид ва акнун дар назар аст, ки парвандааш баъди тасдиқи айбнома ба додгоҳ ирсол шавад.
Мақомоти тафтишотии Новгород таъкид мекунанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон гуноҳашро дар чор ҳолати куштор пурра иқрор кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |