Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Даъвати дастаҷамъии руҳониёни исломӣ аз раҳбари ДИИШ

Беш аз 125 руҳонии исломӣ бо нашри як изҳорот бори дигар ташкили “Хилофати исломӣ” аз сӯи Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ)-ро маҳкум карда, аз ӯ ва пайравонаш хостаанд, аз ин роҳи пешгирифтаашон баргарданд.
Дар ин изҳорот, ки зери имзои 126 руҳонии исломӣ аз гушаву канори олам ба унвони Абубакр Бағдодӣ ирсол гардид, аз ҷумла омадааст, “таъсиси ин гуна хилофат бидуни иҷмои уммати исломӣ ба ҳеч ваҷҳ дуруст нест.”
Ин руҳониён гуфтаанд, дини мубини Ислом куштани мардуми бегуноҳ ва намояндагони дипломатӣ, аз ҷумла рӯзноманигорон, кофир хондани шахсе, ки мункири Худо буданаш маълум нест, таҳқири масеҳиён ва дубора зинда кардани ғуломдориро манъ карда, зуроварӣ ва поймолшавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла занон ва кудаконро маҳкум менамояд.
Ин гуруҳи 126-нафарии руҳониёни исломӣ дар хитоб ба Абубакр Бағдодӣ ва пайравони созмонаш таъкид кардаанд, ки роҳи пешгирифтаи онҳо хилофи арзишҳои исломӣ буда, аз фикри худ баргарданд ва гӯшзад кардаанд, ки ин изҳорот ҳеч гуна ангезаи сиёсӣ надораду қабл аз шуруи ҳамлаҳои низомӣ алайҳи ин созмон навишта шудааст.
Торнамои бахши арабии Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира” навиштааст, ки ба ин ҳайати уламо, донишмандони исломии Арабистони Саудӣ, Фаластин, Миср, Тунис, Ироқ, Судон, Яман, Туркия, Бритониё, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Шведсария, Босния, Итолиё, Белжик, Булғористон, Аргентина, Канада, Ҳиндустон, Чин, Молайзия, Индонезия ва Ниҷерия шомиланд.
Давлати исломии Ироқ ва Шом созмони мусаллаҳи мавсуф ба террористӣ аст, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбари он Абӯбакр Бағдодӣ мебошад. Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |