Лоиҳаи ҲНИТ оид ба тағйиру иловаҳо ба қонуни хидмати ҳарбӣ рад шуд
Лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”, ки аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидумар Ҳусайнӣ, вакилони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои баҳсу баррасӣ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуд, 26 сентябр аз тарафи ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон рад шудааст.
Вакилони ҲНИТ дар парлумон 25 апрели соли ҷорӣ бо ҳадафи пешгирии “облава”, таъмини бехтари даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, аз байн бурдани ришвахорӣ дар мавсимҳои даъвати ҷавонон ба артиш ва муҳайё намудани замина барои таъсиси артиши касбии кишвар лоиҳаи мазкурро ба Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кард, аммо хулосаи ҳукумати Тоҷикистон ба лоиҳаи мазкур (аз таърихи 1 агусти соли 2014) манфӣ буда, гуфтааст, “лоиҳа ба шакли пешниҳодшуда дар маҷмӯъ қобили дастгирӣ намебошад”.
Тарҳи Ҳизби наҳзати исломӣ оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ аз чаҳор пешниҳод иборат буд:
1. Шаҳрвандоне, ки бидуни доштани сабабҳои қонунӣ уҳдадории ҳарбии худро анҷом надодаанд ва ё тибқи талаботи лоиҳаи пешниҳодшуда, маблағи лозимиро ба буҷаи давлат насупурдаанд, ба хидмати давлатӣ ҷалб карда нашаванд;
2. Барои таъминоти молиявии беҳтари артиш, Хазинаи махсуси пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлат, маблағҳои шаҳрвандон, ки дар ивази нарафтан ба хидмати ҳарбӣ маблағи муайянеро пардохт намудаанд ва сарчашмаҳои дигар, таъсис дода шавад;
3. Шаҳрванде, ки ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд ё ихтиёрӣ меравад, бо музди моҳона, на камтар аз музди миёнаи шаҳрвандони мулкии кишвар, таъмин карда шавад;
4. Шаҳрванде, ки маблағи муайянро тибқи меъёри муайянкардаи мақомоти салоҳиятноки давлатӣ ба ҳисоби Хазинаи махсуси пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон месупорад, бо ворид намудани илова дар моддаи 20, аз хидмати ҳарбӣ озод шавад.
Муҳиддин Кабирӣ ҳадаф аз пешниҳоди лоиҳаро дар яке аз ёддоштҳояш чунин шарҳ дода буд: “Тағйиру иловаҳое, ки мавриди назари вакилони Наҳзат қарор гирифтаанд, асосан ба хотири пешгирӣ аз “облава”, решакан кардани ришваситонӣ зимни даъват ба артиш ва таъмини беҳтари шароити иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин гузоштани қадамҳои аввалин ба самти ташкили артиши касбӣ равона шудаанд”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |