Табиб дар марги сарбози моргазидаи тоҷик муттаҳам мешавад
Додситонӣ дар фавти сарбози тоҷик, ки панҷ рӯз пас аз газидани мор дар деҳаи Айвоҷи Шаҳритус ба ҳалокат расидааст, мудири нуқтаи тиббиро гунаҳкор медонад.
Маҳмадалӣ Алимардонов, додситони додситонии ҳарбии горнизони Қӯрғонтеппа ба “Озодагон” гуфт, Бахтиёр Арзиқулов, сарбози тоҷик аз деҳаи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Файзободро рӯзи 4-уми августи соли равон ҳангоми тоза кардани гирду атрофи дидбонгоҳи марзӣ дар деҳаи Айваҷи Шаҳритус мор мегазад: “Дар натиҷа ин марзбон 9-уми августи соли равон ба ҳалокат мерасад.”
Алимардонов мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса нисбати мудири маркази саломатии деҳоти “Айвоҷ”, Рустам Орзиқулов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба иттилои манбаъ Орзиқулов аз рӯи моддаи 129-и Кодекси ҷиноӣ, яъне барои аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ муттаҳам мешавад.
Ин модда барои табибон, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги беморон шудаанд, аз се то панҷ соли маҳрумият аз озодӣ ва ишғол накардани мансабҳои муайянро тайи 5 сол пешбинӣ кардааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |