Бахшҳо

Подшоҳ не, Президент: Аз қавли Абуҳанифа дурӯғ нагӯед!

Далер ШАРИФОВ

Хеле вақт аст, дар расонаҳову минбарҳои масҷид бештар аз эҳтиром ва шукргузорӣ ба подшоҳ ё роҳбари давлат, манзур президент гуфта мешавад. Ҷумлаҳои “Итоат аз подшоҳ амри воҷиб аст”, “ Бадгӯӣ дар ҳаққи сардори давлат ғазаби парвардигорро меорад”, “Ҳамеша бояд аз сардори давлат шукр гуфт” ва монанди инҳо аз забони руҳониёни саршинос, муфтӣ ва имом-хатибони масҷидҳо бештар садо медиҳад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ин гуфтаҳоро асоси динӣ бидиҳанд ва ҳатто аз роҳбари мазҳаби ҳанафиён - Имом Абуҳанифа (раҳмати Худо бар ӯ бод) далел ҳам меоранд. Ба ин маънӣ, ки “пешвои мазҳаби мо - Имоми Аъзам шогирди худ Абуюсуфро насиҳаткунон мегӯяд, “подшоҳро эҳтиром намо ва манзалаташро гиромӣ дор”.

Аввалан, ин уламои муҳтарам ва имом-хатибони донишманд бояд бидонанд, ки Имом Абуҳанифа дар низоми хилофат, ки онҷо тамоми қонуни шариат иҷро мешуд, зиндагӣ ва умр ба сар бурдааст. Он ҷо ҳеч мухолифате бо ҳиҷоб, таълими Қуръон набуд ва ҷавонони то сини ҳаждаҳ низ дар масҷидравӣ мушкил надоштанд. Даъват барои худдории занон дар намозҳои ҷамоат ҳам аз забони ҳеч руҳонӣ садо намедод. Гузашта аз ин, тамоми дастуроти илоҳӣ тибқи қонуни шариат амалӣ мегашт. Он ки ин амалишавиҳо хуб буданд ё бад, мавзӯи баҳси дигар аст.

Дуввум, Абуҳанифа (раҳмати Худо бар ӯ бод) итоат аз подшоҳи одил, подшоҳи мувофиқ бо дастуроти Қуръону суннатро воҷиб медонанд.

Саввум, эътирози мардум ва гуфтани камбудиҳо ҳатто дар замони хулафои рошид - Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ (Худо аз онҳо розӣ бод) магар набуд? Чӣ касоне аз онҳо ҳукуматдорӣ ва адолати олӣ доштанд, ки мардум меомаданд ва ҳарфашонро дар баробари онҳо мегуфтанд. Дунё то ба ҳол чунин роҳбарони одилу хоксорро надидааст. Ё он вақт масъалаи “Итоат аз подшоҳ амри воҷиб аст” матраҳ набуд? Агар итоат аз подшоҳ воҷиб буд, пас чаро Имом Абуҳанифа амри халифаро дар баробари мансаби муфтигӣ қабул накард ё имоми муҳтарам ба суханони худаш амал намекард?

Абуҳанифа ба Қуръону суннат ва ҳарфи худаш пойбанд буд ва амал мекард, аз ин рӯ вақте ботилро дид аз ҳақ дифоъ кард.

Чаҳорум, шояд аксари мулло ё руҳониёни саршинос надонанд, ки кишвари моро на подшоҳ, балки Президент идора мекунад. Истифодаи калимаи подшоҳ ё пешво ё ҳар вожаи дигар дар баробари Президент ё сардори давлат хилофи қонун буда, ин амал ба сохти конститутсионӣ ва низоми давлатдории мо латма мезанад ва он ҷиноят маҳсуб мешавад. Ман аз ин гуна уламо даъват мекунам, агар барои хондану дуруст фаҳмидани андеша ва афкори Имом Абуҳанифа ранҷ мекашед ва товони онро надоред, ҳадди ақал муқаррароти қонуни асосии кишварро риоя намоед. Агар мафҳуми оятҳои Қуръон ё аҳодиси паёмбар бароятон душворие пеш меоварад, ҳамчун як шаҳрванд хоҳиш дорам, боби чаҳоруми КОНСТИТУТСИЯ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНро мутолиа кунед, ки “ПРЕЗИДЕНТ” ном дорад. Ман аз онҳое, ки кафили ин муқаддасоти миллӣ мебошанд хоҳиш дорам, сари ин бебандубориро бигиранд. Ва иҷоза надиҳанд, КОНСТИТУТСИЯ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН танҳо як коғаз бошад!


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Амруллоҳ
Дуввум, Абуҳанифа (раҳмати Худо бар ӯ бод) итоат аз подшоҳи одил, подшоҳи мувофиқ бо дастуроти Қуръону суннатро воҷиб медонанд. Мошоаллоҳ хуш ба эмонатон,

Ахсанта бародари азиз. Шукри Худованд ки чунин чавонони огох ва чуръатманд дорем.

Аштархон
Оре бояд тибки сарконун бояд президент гуфт.Кишвари мо шох надорад.Давраи шохиву амири кайхо пушти сар шуд!Мардум бесавод хаст ва намедонад,ки сарконун ва республика чи гуна барои мардуми чахон азиз хастанд.Онхоро бояд омухт.То саводнок шаванд,вагарна ин миллат мисли миллати паштуи кафомонда мешавад.Хамчунин иниститути талафузии"Чаноби оли" низ хоси миллатхои пешрафта ва республикави нест.Чаноби олиро точикон аз соли 1747 то соли 1920,давраи вазнинтарин халкамон замони давлати кафомондатарини саёраи Замин нисбати амирони мугулии Бухоро 173 сол такрор кардаанд ва аз ин сухан низ буи бандаги бардагии туркона меояд.Бояд хампояи конститутсия ва сохтори республикави халк пеш равад вагарна ин миллат ба чизе намерасад!

Мусалмон
Ин ба муфти Саидмукарам ва шурои уламо "Абуҳанифа ба Қуръону суннат ва ҳарфи худаш пойбанд буд ва амал мекард, аз ин рӯ вақте ботилро дид аз ҳақ дифоъ кард"

Абдуллох
Имом Абу Ханифа р.а.худуш ба подшох итоат накардку козигира кабул накардку.Имомхатибхои мо ай кучо гап мезанан.

Muhammad
Рахмат бар волидайн чунини писаро таълим додан, ина ифтихори чавони точик. бовар кунед ман ки ука ахбор нависони дохилира ахмият намедихаи неким ин мавзуъро чандин бор хондам. афсус ки на муфти на хатибхои мо мантики ин калимара фахмидан наме хохан хато медонад ки гунахгори пеши парвардигор хастан.

Саида
Подшохи давраи Абу Ханифа 1000хо маротиб аз Эмомали Рахмон ситамгару золим буданд. Эмомали кори дуруст мекунад. Ичозат додан ба пушидани хичоб, ба масчидхо рафтани кудакон, ришмони инхо моро ба холати Давлати Исломи Шому Ирок меорад. ин маълум аст, ки Эмомали одил нест вале чилави фанатакхои Ислом рохи бехтарине барои бехатарии мо, сокинони осоиштаи Точикистон мебошад.

Ъабдуллох
Ахсан бародар худо аз шумо рози бод бехтарин чиход ин сухани хакро гуфтан аст рости гап маро як чиз бисёр ташвишовар кардааст шоят натанхо маро балки такрибан намозгузорони тамоми масочидро ин хам бошад ин аст ки хар рузхои чумъа имомхатибон ба чои амри маъруф тавсифи раиси чумхурро мекунанд албата ман розиям ки таъриф кунанд локин дар масчид охир зебанда нест вакте ки хубихои рахбарони давлатро мегуед хубтар мебуд дар баробараш камбудихоро низ мегуфтед чаро ягон бор дар масъала рафтани чавонон ба масчид барои хичоб ки хамаруза занхои хичобдор тахкир мешавад сухан намеронед мебахшед чаноби муфти ва шумо чаноби домулло хикматулло ман намедонам кумитаи дин инхоро муваззаф мекарда бошад агар чунин бошад кумитаи дин иштибох кардааст зеро сухани инхоро касе гуш намекунад агар кумитаи дин мехохад амри уро касе гуш мекард бехтьару хубтар аз хама бояд аз бародарон Турачонзодахо истифода мекард ё аз хочи мирзо ё аз домулло Абдуррахими казокони вакте ки чунин ашхосе ки суханашон дар чомеъа мегузарад инхоро аз минбар меронанду дар чояшон ду се домуллои лаганбардорро меоранд албата сухани инхо барои касе таъсире надорад хусусан хамин муфтие ки худро бо турачонзодахо сар ба сар карду худро шармандаи дунёву охират кард

Салом ба хами хонандагон, маколаи хубе буд, бояд шурои уламо маънои хакикии хадисро ба мардум гуянд, ин чи аст ки харчи подшох гуфт бояд ичро кард? подшох бигуяд аз Худо руй бигардон оё бояд хамин корро кард? то кай мехохед ба ин корхоятон идома дихед?

фирдавс
Боракаллох, додари азиз.

Бехтарин сухан! Ана инро фикри рушан меноманд! Боби панчуми сарконуни Чумхурии Точикистон мегуяд, ки Чумхурии Точикистон Президент дорад ва у (президент) аз чониби мардум танхо!!! ба як микдор вакти муайан интихоб мешавад. Мардуми ба ном домуллою имому муллою ва гайра, илтимос аз Худо тарсед! Пагох ба У чи чавоб медихед? Дар вакти намози Чумъа як бор назар афканед! Хангоми ин суханрониатон мардум бисёриаш фикраш аз намоз дур мешавад. Мардум ба ин суханони хандаомези шумо умуман назар намеафканад, онро кабул хам намекунад. Чи хели Шох?? Президент бояд ояду равад!!! Ва ин ба вакилу вазиру раису ва гайрахам дахл дорад! О хамаи ин домуллочахо пагох пас аз иваз шудани кудрат чи намуд боз тарона менавохта бошанд? Нафратам меояд...

МошоАллоҳ! Ҳақ асту рост бародар Далер!

Умар
АНА ИН РАВШАНФИКР АСТ МАШААЛЛОХ

Behtarin mahlumo, hondanobob!!!
Ahsan ba Muallifash

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)