Бахшҳо

Муфтӣ дар бораи нархҳо, қурбонӣ дар мавлуди президент ва бадномкунӣ

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тоҷирони кишвар хост, аз омад-омади Иди Қурбон сӯиистифода накунанду нархҳоро боло набаранд.

Абдулқодирзода, ки имрӯз, 26-уми сентябр зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе мавъиза мекард, болобарии нархҳоро дар арафаи ид, ки ба ҳукми анъана даромадааст, як гуноҳи азим хонд: “Тоҷирон аз ҷашнҳо сӯиистифода мекунанд ва нархҳоро боло мебаранд, ки гуноҳи азим асту азоби дарднок дорад.”

Муфтӣ ҳамчунин бори дигар фатвои Шӯрои уламоро алайҳи "барангехтан" зидди роҳбарон қироат карда, дар шарҳи он Либия ва Қазофиро мисол овард, ки ба гуфтаи ӯ чор ҷавони бехирад, кишварро хароб карданд.

Абдулқодирзода дар идомаи мавъизааш ба рӯзи 5-уми октябр-мавлуди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҷашни забон рост омадани Иди Қурбонро шарҳ дода, илова кард, ки “агар фарз кардем, ки аъзои Шӯрои уламо хато кардаанд, худашон гунаҳкор мешаванд. Мо бояд ҳамагӣ пайравӣ аз уламо кунем.”

Дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигар Иди Қурбон рӯзи 4-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, Абдулқодирзода гуфт, “дар Тоҷикистон куҳҳои осмонбӯсанд ва моҳи нав дертар дида мешавад. Ба ҳамин хотир Иди Қурбон 5-уми октябр таъин шудааст.”
Мӯҳр
Пири кухистон
Муфти ин куххои Шумо аз Мохтоб хам баланд будааст, да. Агар "рост" бошад эълон кунед, китоби ГИНЕСС ба чой кунанд.

Ман намефаҳмам, чи то моҳи Рамазон кӯҳҳои кишвари мо "заминбус" буданд, ки моҳи навро Шурои уламо як рӯз пештар дида буд???

Хамкор
О чаноби муфти, агар дар Точикистон мох 1 руз дер дида шавад, Соли навро 1-ум январ, наврузро 22 март, иди галабаро 10 май............. чашн гирем намешад ми? Ин ихтироъи нодири шумо.

ном
Точирони мо аз мамент истифода мебаранду савдо мекунанд нарххо алакай баланд шудааанд масъулон парвои халки бечора надоранд худшон Гуфти ЧО бозор нараванд нархро надонада кай првои ману дигарон доранд ба хонахошона мебаранд Ахсан ба раиси шахр камехам бошад назорат мекунад поёнтаринаш хамашон дузданду лошахур

Саидчон Ёкутистон
Ассалому аллайкум! Ин муфтии кишвари мо дигар сухани гуфтани надошта бошад меум? Хама вакт суханаш перомуни раиси чумхур хаст. Бародари азиз бе ин хам мо,агар раиси чумхурро дуст надорем хам эхтиромаш мекунем. О шумо хамчун Муфти як бор дар бораи бехичобии занхо, дар бораи чавонхои дискотека рав,ки хамаги аз рамкаи одобу одамгари берун шудаанд, дар бораи як чизи мухимтар аз ин сухбат кунед намешавад?! Минбои Масчид худатон нагз медонед чои сухи Худо чч ва Паёмбари гиромии Уст. Хамчуноне сухан гуед,ки......

Нафахмидам. Чи хел рузаро аз дигарон 1 руз пеш гирифтему Идро бошад бо "сабаби куххои баланд" 1 руз баъд кайд мекунем. Вакти руза куххо паст буданд ми? Динро хам бозича кардед ку!

мухочир
ман нафахмидам рамазонро як руз пеш мегиранд бахонаи куххо мекунанд иди курбонро як руз пас мукунанд боз бахонаи куххо мекунанд

Салом алейкум! чаноби муфти холо хам сари вакт аст, фатвоятро иваз кун ва идро баробари хамаи давлатои мусулмони гузарон, ки рузи киёмат шарманда хохи шуд агар накуни...

Ъабдуллох
Рости гап ман хамаруза такрибан то 2 соат дар сайти озодагон маколахоро мехонам вакте ки ягон сухани муфтии мухтарамро мехонам рости хам хандаам меояду хам асаби мешавам мебахшед чаноби абдулкодирзода рости гап шумо зеби муфтигиро надоред минбари паёмбарро масхара карда истодаед маро як чиз бисёр зехнамро азоб медихад ин хам бошад ин аст ки саидмукаррам ин кадар раиси чумхурро дуст медоштааст ман мутмаи шудам ки саидмукарра аз мо дида бисёртар раиси чумхурро дуст медоштааст ва мухаббаташ аз мухаббати хамаи мо бисёртар будааст барои хамин хар чумъа дар намози чумъа дар бораи раиси чумхур сухан меронад ман аз чаноби шумо Абдулкодирзода такозо дорам ин натанхо орзуи ман балки такрибан 70 дар сади намозгузорони чумхури аст ин аст ки хадди акал як бор ба президент пешниход кунед ки мухтарам чаноби оли илтимос хамон конуни манъи рафтани чавонони то 18 соларо бекор мекардед зеро дар парламент хама шуморо ехтиром мекунанду сухани шумо арзиш дорад аз чаноби шумо хохиш ки дар масъалаи то 18 дахолат мекардед хаминкадар гуед мо минатторем

Акл ки нест, дахон савсата мегуяд! wink

Руят сиёх касифи мукарам маргат наздик аст ..ту идро ба рузи тавалуди эмомик монди

Усмон
ИН ШАРМАНДАГИСТ ВОЙ БАР ХОЛИ ЧУНИН МУФТЙ

ээ муфти ту бо Арабистони Сауди дар интихоби мохи рамазон зидд ва мухолифат карди хай аку гузашт, лекин дидаву дониста дар мохи зу-ал-хича мухолифат мекуни аз аллох наметарси фардо ту чи чавоб медоштабоши а? ин суханхо ва далелхои ту ягон асли шаръи надоранд ту ина донистамон ки фаркият байни Точикистону Арабистони Сауди 2 соатасту тамом на 8-10 ки мо як руз бади уно ид кунем, бадан иди курбон бади рузи арафот аст ва замини арафот дар Арабистони Саудтяй ба гуфтаи тубошад хачи ин 5 милион мусалмон нодурустаст? ё ту худ хамин масчиди марказиро замини арафот карордодаи. аз дасти ту хаммакор меомадай неким

Бовар кунед шармандаги аз ин беш намешавад. Наход тамоми дунёи исломи мохро бинанду идро рузи чоруми октябр эълон кунанд ба чуз Точикистон. Эй муфтии шарманда аз Худо битарс намози иди ин кадар мусалмона чи чавоб медихи? Наход барои рузи таваллуди призидентро ё барои рузи истирохатро ба рузи ид мувофик гардонидан фатвои дуруг содир куни? О рузи аввал агар мохро надида бошед рузи дуюмаш маълум буд ку? Эй муфти чоплуси хам хаду канор доштагист бо шариъати илохи бози кардан окибати хуб надорад. Дидани мох сад дар сад собит шуд Арабистони Сауди вукуфи дар арафаро рузи чумъа эълон дошт о чаро шумо дидаю дониста мухолифат мекунед? Ё ин ки куххои шумо дамкрат доранд дар рамазон пасту дар курбон баландшон меенед? Худо рахми ин миллатро хурад бо ин муфтихое ки на тибки Хости Худо балки тибки хости хочагонашон фатво содир мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)