Бахшҳо
26 сен 2014 13:42Тоҷикистон / Сиёсат

Ду паём ва умедҳои Раҳмон аз Аҳмадзай ва доктор Абдулло

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 26-уми сентябр бо ирсоли ду паём ба доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдулло Абдулло интихоби аввалиро ба ҳайси раисиҷумҳури Афғонистон ва дуюмиро бо таъинаш ба мақоми Раиси иҷроии Ҳукумати ваҳдати миллӣ табрик гуфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба унвонии Абдуллло Абдулло ҷонибдорону муттаҳидони ӯ ва тамоми мардуми Афғонистонро табрик намуда, таъкид кардааст, ки ин дастоварди доктор Абдулло натиҷаи пайкори содиқонааш дар ҷабҳаҳои ҷиҳод, муқовимат ва созандагӣ таҳти раҳбарии фарзандони кабири Афғонистон – устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд мебошад, ки барои озодӣ, истиқлол, ваҳдат ва пешрафти Афғонистон ва саодату хушрӯзии мардуми ранҷдидаи он талош мекарданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар пайи табрикот аз таъсиси давлати ваҳдати миллӣ ҳимоят кардааст: “Мо аз оғози таъсиси низоми навини сиёсӣ дар кишвари Шумо зарурати эҷоди давлати фарогир ва мутавозин ва дорои пойгоҳи васеи иҷтимоӣ ва ваҳдату иттиҳоди тамоми нерӯҳои ватандӯст ва созандаро пайваста таъкид менамудем.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, орзуманди онам, ки бо талошу тадбир ва садоқату ҳадафмандии муштараки Шумо ва Ҷалолатмаоб Абдулло Абдулло кишвари Афғонистон дар шоҳроҳи субот, созандагӣ, пешрафт, иттиҳод ва ваҳдати шикастнопазири мардум муттаҳидона ва масъулона пеш равад. Ӯ изҳори умед кардааст, ки тайи роҳбарии Аҳмадзай ва Абдулло муносиботи Афғонистону Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав ворид мегарданд.
Мӯҳр
точик
Браво Чаноби бояд ду паём менавиштед

Точикхуча
Бисёр дипломатияи аъло ,офарин Чаноби Оли,бисёр шодем!!!!!!!!!!!!!!!!!На сих сузад на кабоб!Дарвокеъ ана инро дипломатия мегуянд.Вазъ хасос аст.Ташаккур!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)