Расулзода дар бораи хунсо кардани абзорҳои терроризм гуфт
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон аснои суханронӣ дар маҷмааи умумии СММ анҷом додани роҳбурдҳои зиддитерористӣ ва хунсо кардани ҳамагуна шаклҳо ва абзорҳои терроризмро ба манфиати ҳамаи кишварҳо хондааст.
Ҷаноби Расулзода инчунин гуфтааст, тавлид ва фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир далели мушкилоти ҷиддӣ дар ҷаҳон шудааст: “Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон давоми 15 сол фаъолияти босамар дошт. Амалиётҳои муштарак бо кишварҳои минтақа ба таври муассир тавсеа ёфтааст. Бо ташаббуси райиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2015 дар Душанбе ҳамоиши минтақавии зидди маводи мухаддир баргузор мешавад”.
Нахуствазири Тоҷикистон дар идома ба масъалаи Афғонистон ҳам дахл карда, изҳор доштааст, “бовар дорем мардуми Афғонистон бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ чолишҳои расиданиро бомуваффақият паси сар мекунанд. Тоҷикистон хостори дар ҳамаи равандҳои ҳамкориҳои минтақавӣ шомил шудани Афғонистон аст”.
Ба қавли ӯ, шомил кардани кишварҳои ҳамсоя дар рушди Афғонистон ва тавонбахшии ин ҷумҳурӣ калидҳое барои талоши ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешаванд.
“Аввалҳои моҳи сентябр Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай буд. Раёсати СҲШ кишварҳои аъзоро барои ҳамкориҳои минтақавӣ ва тавсеаи муштарак даъват кард. Онҳо соддасозии тиҷорат ва сармоягузорӣ, рушди системаи ҳамлу нақл, амнияти озуқа ва дигар мушкилоти решаии мардумро пазируфтанд”,-илова кардааст Қоҳир Расулзода.
Ӯ дар поёни суханронияш таъкид намудааст, ислоҳоти фарогири СММ бояд ба қавӣ шудан ва боло рафтани зарфият барои рӯбарӯи бо чолишҳо ва хатарҳои муосир омода бошад: “Ин ҳамоиш барои пайдо кардани роҳҳои муштарак ва ҳамоҳанг барои пардохтан ба масоили фаврӣ аст ва мо бояд аз ин истифода кунем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |