Ташаббуси Кабирӣ барои инқилоби дохилӣ ва интиқод аз баъзе муллоҳо
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бегоҳи 25-уми сентябр дар мулоқот бо занони фаъоли ҳизбаш хостори инқилоби дохилӣ шуда, аз баъзе уламои исломӣ, ки фаъолияти занонро дар умури сиёсӣ, иқтисод, фарҳангу дин маҳдуд кардаанд, интиқоди шаддид намуд.
Тавре дафтари матбуоти ҲНИТ ба “Озодагон” иттилоъ дод, Кабирӣ дар ин мулоқот изҳор доштааст, ки “зани имрӯз ба ислоҳот ва инқилоби дохилӣ ниёз дорад, то бо истифода аз таҷрибаи Паёмбар (с) як бори дигар дар ҷомеа ҷойгоҳи занро баланд бардорем ва ӯро дар паҳлӯи мард қарор бидиҳем, то нақши воқеъии худро дар пешбурди ҷомеъа анҷом дода тавонад.”
Ба гуфтаи Кабирӣ вазъи имрӯзи Тоҷикистон ба замони паёмбар хеле монанд аст, ки бо вуҷуди мушкилот тавонист ба қолабшиканиҳо ноил шавад: “Барои Расули акрам (с) осон набуд, ки он қолабҳои зеҳнии мардумро бишиканад, вале дар чандин самт қолабшиканӣ кард, аз ҷумла, дар муносибат бо зан. Шикастани бутҳои физикие, ки дар хонаҳо ва ибодатгоҳҳо буданд, чандон мушкил набуд, аммо шикастани бутҳои зеҳнӣ хело душвор аст. Аксари бутҳо дар зеҳн ва андешаҳо ҳастанд ва яке аз ин бутҳо таассуб ва диди тавҳиномез нисбати зан аст, ки он дар замони Паёмбар (с) ҳам вуҷуд дошт. Ҳоло, мо як бори дигар бо истифода аз мактаби Расули акрам (с) талош кунем, ки ҷойгоҳи занро дар ҷомеа эҳё кунем ва ин бутҳои дар зеҳнҳо ҷойгирифтаро бишиканем.”
Раиси ҲНИТ аз баъзе уламо танқид кард, ки баъди замони Пайғамбар ба маҳдудсозии мавқеи зан дар ҷомеа пардохтанд: “Дар садсолаҳои ахир ҷойгоҳи зан баъзан дар баъзе манотиқ бадтар аз замони ҷоҳилият шуд ва он ҳам дар пушиши Ислом ва зери парчами исломӣ. Баъзе масъалаҳое, ки танҳо “афзалият” ва “шояд” дошт, вале уламои баъдӣ бо мурури замон ин “шояд”-ҳоро ба “бояд”-ҳо табдил доданд, мисли ин ки мегуфтанд, ибодати зан дар хона дар баъзе ҳолатҳо афзалтар аз ибодаташ дар масҷид аст, аммо бо мурури замон ин табдил шуд ба ин, ки занҳо набояд намозҳоро дар масҷид бихонанд.”
Раиси ҲНИТ онро мояи нигаронӣ хонд, ки масъулияти занҳоро бо корҳои дохили манзил маҳдуд карданду фаъолияташонро дар масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву динӣ пешгирӣ карданд: “Ин як намуд таҳриф дар дидгоҳи исломӣ аст ва мутаассифона ин ҳурофот ва дидгоҳҳо ҷои шариати асилро гирифтанд."
Кабирӣ аз тафриқаандозӣ миёни занон аз рӯи либос низ интиқод намуда, афзудааст: “Бояд ба интихоби якдигар эҳтиромона муносибат кард. Набояд як бонуи миллипӯш хоҳари аврупоипӯши худро мавриди танқид қарор диҳад ва ҳамчунин набояд як бонуи аврупоипӯш ба хоҳарони миллипӯш ё сатрпӯши худ бо нигоҳи тавҳину нобоварӣ бингарад. Таҳаммулгароӣ ва эҳтироми тарафайн байни қишрҳои гуногуни бонувон, якдилӣ ва ҳамбастагии онҳо новобаста аз интихоби либосу тарзи зиндагӣ, боиси болоравии ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеа мегардад.” Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |