
Бибирокияи АБДУЛЛОҲ
Ба хотири зиёд намудани тазарвҳо, ки ҳамчун парандаи нодир дар Китоби сурх сабт шудаанд, ҳукумати ноҳияи Шаҳритус 30 га заминро бешазор мекунад. Дар ин бора ба "Озодагон" аз ҳукумати ноҳияи мазкур хабар додаву гуфтанд, ин миқдор замин аллакай ҷудо шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бешазор барои аз маҳвшавӣ эмин мондан ва афзоиши насли тазарв кумак хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки масъулини ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон шумораи ин парандаи нодирро дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус 8-то мегӯянд. Гуфта мешавад, 6 тазарв модина аст ва 8 чӯҷа баровардаанд. Тазарв, ки онро мурғи фазан низ ном мебаранд солҳои пеш дар бешазор ва туғайзорҳои ҷануби Тоҷикистон зиёд ба мушоҳида мерасид. Аммо ба иддаои масъулини идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, бо далели сардии зимистон ва набуди дона дар бешаҳо дар чанд соли ахир шумораашон коҳиш ёфта ва дар ҳоли нестшавиянд.
Саъдулло Бобоҷонов, мудири шӯъбаи ҳифзи парандагони нодири идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон мегӯяд, аслан тазарвҳо дар соҳили рӯдҳои Вахшу Кофарниҳон ва “Бешаи палангон” зиндагӣ мекарданд, аммо ҳоло хело кам мушоҳида мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҷиҳати зиёд намудани шумораи ин парандаи нодиру зебо дар макони зисташон парвариши онро ба роҳ мондаанд.
Пирхон Қаюмов, масъули ҷаъмияти шикорчиёни Хатлон мегӯяд, сайёдони зиёде қасди шикор кардани тазарвҳоро доранд, аммо онҳо чунин иҷозаро барояшон намедиҳанд. “Тазарве, ки дар Тоҷикистон, ба хусус дар Хатлон ҳаст, нодир буда, аз тазарвҳои Русия фарқ дорад, хеле зебо ҳам ҳаст. Аммо бо сабаби он ки одамон даштҳоро ба заминҳои кишт табдил додаанд, шумораи ин паранда кам шуда, зимистонҳо аз бедонагӣ мурданд”.
Ба гуфтаи Саъдулло Бобоҷонов, мудири шӯъбаи ҳифзи парандагони нодири идораи ҳифзи табиати вилояти Хатлон, “тазарвҳое, ки дар мавзеъҳои Дарёкул, Палвонтуғай ва мамнӯъгоҳи “Бешаи Палангон” сабт шудаанд, зери назорат қарор доранд. То ҳол шикори ин паранда дар ҳудуди мамнугоҳ мушоҳида нашудааст. Супориш додаем, ки аз онҳо дар фасли сармо хуб муроқибат шавад. Миқдори зарурӣ дона ҳам захира шудааст".
Масъулини идораи ҳифзи табиат ва ҷамъияти шикорчиёни вилояти Хатлон мегӯянд, макони тазаврҳо, ки 130 ададро ташкил медиҳад, пайваста таҳти назорат аст. Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Сайфуллоев, райиси мамнӯъгоҳи “Бешаи Палангон” ба "Озодагон" гуфт, ин баҳор даҳҳо парандаи нодире, ки қаблан дар Тоҷикистон сукунат доштанд, аз кишварҳои Ҳинду Покистон ба беша омадаанд: "Аммо шумораи тазарвҳо дар чанд соли ахир кам шудааст".
Дар баробари тазарв, кабки ҳилол низ дар Китоби сурх сабт шудааст, аммо шикори он озод буда, дар бозорҳо низ фурӯхта мешавад. "Ғизо бо гӯшти кабки ҳилолро ҳатто дар таъомномаи тарабхонаҳо низ дидан мумкин аст",-мегӯяд, Нуриддин Сайфуллоев, райиси мамнӯъгоҳи “Бешаи Палангон”.

Намое аз "Бешаи палангон"
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр