Як зоири тоҷик аз Арабистони Саудӣ бозпас фиристода шуд
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон аз бозгашти як зоири 78-солаи тоҷик ба Ватан қабл аз адои маносики Ҳаҷ хабар медиҳад.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, ки ҳоло дар шаҳри Макка қарор дорад, 25 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Аҳад Аюбов, сокини 78-солаи ноҳияи Исфара ба хотири хуб набудани вазъи саломатияш ба Ватан бозпас фиристода шуд. Ӯ мегӯяд, “шаҳрвандон Аҳад Аюбов ва Тухсан Давронов, ки ҳарду сокини шаҳри Исфара мебошанд, бемориашон дар шаҳри Мадинаи мунаввара хуруҷ кард. Баъди муолиҷа дар беморхонаи “Уҳуд” вазъи саломатии Давронов хеле беҳтар гардид. Аммо Аҳад Аюбов, ки қаблан аз бемории сактаи қалб ранҷ мебурд, бо дархост ва ризоияти наздиконаш шоми 23 сентябр тавассути ҳавопаймо ба Ватан фиристода шуд”.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Ба иттилои Кумитаи дин, имсол беш аз 6 ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд. Ин ниҳод мегӯяд, дар маросими Ҳаҷҷи имсола барои зоирини тоҷик дар меҳмонхонаҳои шаҳри Макка ошхонаҳои миллӣ ташкил шуда, зоирони тоҷик се вақт бо хуроки гарм таъмин мебошанд. “Ин таҷриба дар солҳои гузашта танҳо дар шаҳри Мадинаи амалӣ мегашт. Солҳои пеш дар Макка ҳоҷиён таомҳои худро дар ҳуҷраи хоб тановул мекарданд. Барои босифат ва мутобиқи талаботи зоирин омода намудани таомҳои миллӣ аз Тоҷикистон чанд нафар ошпазҳо низ ба Маккаи мукаррама сафарбар гардидаанд”,-мегӯяд манбаъ.
Сухангӯи Кумитаи дин меафзояд, то кунун 80 дар сади зоирони тоҷик вориди Арабистони Саудӣ шуда, қарор аст, то 28 сентябр интиқоли онҳо ба Маккаи мукаррама анҷом ёбад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |