Миллиардери зодаи Кӯлоби Тоҷикистон “вундеркинд” эълон шуд
Расонаҳои Канада зимни таҳлили муваффақияти шаҳрвандони маъруфи ин кишвар миллиардери зодаи шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон, Мосес Знаймерро аз ҷумлаи “вундеркиндҳо” хондаанд.
Мосес Знаймер, ки соли 1942 дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон таваллуд шудааст, феълан беш аз 20 шабакаҳои маъруфи телевизионию радиоиро дар Канада ва дигар кишварҳо соҳибӣ мекунад. Знаймер, асосгузори холдинги ZoomerMedia ва чандин корпоратсияҳои дигар аст, ки дар оилаи яҳудиҳои лаҳистонию латвиягӣ таваллуд шудааст. Хонаводааш аз ҳуҷуми фашистҳо гурехта дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ҷой гирифта будаанд: “Баъди ҷанг хонаводаашон ба шаҳри Монреал рафтаанд ва Мосес ояндаи дурахшони телевизионро пешгӯӣ карда, солҳои 60-уми асри 20 ба таъсиси шабакаҳои хусусӣ пардохтаст ва имрӯз аз чеҳраҳои муаррификунандаи симои Канада арзёбӣ мешавад.”
Мосес Знаймер ба рӯйхати даҳгонаи медиамагнатҳои пешсафтарини Канада дар сад соли охир ворид шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |