Бахшҳо

(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат

Шоми дирӯз, 24 сентябр дар толори “Ҳафт авранг”-и сафорати ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Душанбе, маҳфили ёдбуди Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд баргузор шуд.

Шоирони шинохтаи тоҷик Мӯъмин Қаноату Рустами Ваҳҳоб, раиси маркази татқиқоти стратегӣ Худобердӣ Холиқназар, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, райиси Шӯрои уламои маркази исломӣ Сайидмукаррам Абдуқодирзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ва собиқ вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ҳам аз иштирокдорони маҳфил буданд.

Абдулғафори Орзӯ
, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи маҳфили гиромидошт гуфт, “9 сентябри соли 2001, қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд тавассути террористҳо шаҳид гардид ва 20 сентябри соли 2011 райиси пешини давлати исломӣ, профессор, Бурҳониддин Раббонӣ тавассути экстремистҳои куҳдил ба шаҳодат расид. Ба ин хотир ин ҳафта ҳафтаи шуҳадо номгузорӣ шудааст”.

Оқои Орзӯ аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон ҳам ки сару садоҳои зиёде ба по кард, ёдоварӣ намуда гуфт, аз он ҷойе, ки дар чунин ҳафта ба баракати хуни шуҳадо интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон пас аз душвориҳои зиёд саранҷом ба натиҷа расид, ин ҳафта, ҳафтаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ низ номгузорӣ шудааст: “Бар равони ҳамаи шуҳадои роҳи иззату озодагӣ дуруд мефиристам ва ба натиҷа расидани интихоботи Афғонистонро ба мардуми Афғонистон ва дӯстдорони Афғонистон ва ба мардуми меҳмоннавоз ва озодаи Тоҷикистон табрик ва таҳният арз мекунам”.

Сафири Афғонистон дар идома аз равобит ва ҳамсоядории Афғонистону Тоҷикистон ситоиш карда гуфт: “Хушо ба ҳоли кишварҳое, ки ҳамсояҳои некӯ доранд. Касоне, ки эҷоди сулҳу суботро мусовӣ ба сулҳу суботи хеш медонанд”.

Абдулғафори Орзӯ, сухани Ҳомид Карзай, президенти акнун собиқи кишварашро дар ростои муносибати Душанбеву Кобул иқтибос кард, ки гуфтааст: “Дарахте, ки дар Душанбе самар бидиҳад мо эҳсос мекунем, ки дар Афғонистон мева додааст”.

Сафир ба мавзӯи меҳварии маҳфил, ки ёдбуди шуҳадо буд, пардохт ва аззамати Бурҳониддин Раббониро дар кору пайкори пайравони мактаби ӯ сутуд. Ӯ гуфт: “Бузургонро метавон аз шогирдони роҳу мактабашон дарёфт. Қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, марҳум моршал Муҳаммадфаҳим Қосим, устод Забеҳулло, устод Ато Муҳаммади Нур, Амир Муҳаммад Исмоилхон ва даҳҳо шахсияти матраҳ дар арсаи илм, фарҳанг ва мубориза касоне ҳастанд, ки дар мактаби устоди шаҳид парвариш ёфтанд”.

Гилаи сафир

Сафир ба ҳамоиши бахшида ба бузургдошти Рӯдакӣ ишора кард ва аз даъват нашудани намояндаҳои шеъру адаби Афғонистон гила намуд. “Бо камоли таасуф аз Афғонистон касе даъват нашуд, дар ҳоле, ки аз Покистон ва Ҳинд омада буданд. Аз ин хотир ман эҳсос кардам, руҳи Рӯдакии бузург, он тирачашми равшанбин нороҳат ҳаст, чун Рӯдакӣ дар Афғонистон ҷойгоҳи бузург дорад. Аммо ин ки дар конфронси бузурге ба номи Рӯдакӣ дар Тоҷикистони азизу сарбаланд, Тоҷикистоне, ки бо мо пайванди ягонаи фарҳангӣ, таърихӣ ва забонӣ дорад, аз Афғонистон касе даъват намешавад, барои ман шигифтӣ буд. Маро ҳам танҳо ба унвони сафир даъват карданд, дар ҳоле ки бузургон медонанд, ман ҳадди ақал ду китоб дар заминаи Рӯдакӣ навиштаам”,-гила кард сафир ва афзуд, “Чаро Афғонистонро ба фаромӯшӣ супурдаед? Оё Тоҷикистону Афғонистон ҳуввияти фарҳангии ягона надоранд?”

Тавбаи Мӯъмин Қаноат

Мӯъмин Қаноат шахсияти Аҳмадшоҳ Масъудро ба ҳайси як устура тасвир кард. “Тамоми аъмоли Масъуд ғайрипиндошт буд, ӯ ба касе шабеҳ набуд. Аз миёни иштирокчиёни ҷангу сиёсатмадороне, ки мулоқот кардаам, ба ӯ монанд касеро дар наёфтам. Бо ҳамон мардиву ҷавонмардияш гапи ҳамаро бовар мекард. Гумон мекард, ҳама мисли худаш ростгӯ аст. Билохира, бо ҳамин зудбовариаш шаҳид шуд”.

Устод Мӯъмин Қаноат ба интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳам ишора кард. Ӯ фазои дипломатияи ин маҳфилро канор гузошту интихоботи Афғонистонро онро далели ошуфтагии худаш унвон кард: “Ду дафъа раъйпурсӣ шуд, як дафъа тақаллуб карданду ба натиҷа нарасиданд, бори дигар тақаллуби аз он бадтар, 1,5 миллион раъйи тақаллубӣ ва дурӯғ”.

Ба гуфтаи шоир Мӯъмин Қаноат, ӯ аз ин тақаллуби густарда тавба кардааст. “Агар дар ватани Мавлонои Балхӣ, Мавлоно Абдураҳмон Ҷомӣ ва Зардушти бузург ҳол ҳамин бошад, пас дигар бӯи умед аз куҷо меояд?”




(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат

(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат

(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат

(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат

(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат

(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат

(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат

(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат

(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат

(АКС+ВИДЕО) Маҳфили ёдбуди Раббониву Масъуд: Аз гилаи сафир то тавбаи Муъмин Қаноат


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ҳатто аз ман ба унвони сафир даъват шуда буд? Даъват нашуда буд е шуда буд?

Малик
Анушервони Одил,
Сафирро ба унвони сафир даъват кардаанд, вале ӯ дар бораи Рӯдакӣ чанд китоб навиштааст. Сафир бо ин гапаш гуфтааст, ки ӯро бояд ба унвони рӯдакишинос даъват мекарданд. Фаҳмидӣ Анушервон?

Амирчон
Мухтарам масъулини сомона номи маршал на "Мухаммадфахими Косим" балки номи дурусташ "Мухаммад Косим Фахим" аст.

Дар Афгонистон олимон кам нестанд... дар чунин махфилхо онхоро низ бояд катори дигар донишмандон даъват намоянд. АММО дар бисёр холатхо назари онхоро нодида мегиранд. Инхам бори аввал нест!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)