Чаро аҳли фасод Л.Бойматов тӯтивор ин «эрод»-ҳоро гоҳ аз номи худ ва гоҳе ба исми мустаор такрор ба такрор баён мекунад. Асрори ин амали Л. Бойматов дар он нуҳуфта аст, ки муаллифи ин сатрҳо ҳангоми баррасии рисолаи доктории Л.Бойматов «Социально-экономические и политические проблемы Мавераннахра XIII-XIV вв.» (соли 2012) дар Шӯъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ эродҳои фаровоне гирифта, собит намуда буд, ки ин рисола ҳеч арзиши илмӣ надорад. Ҳамчунин дигар олимони шӯъбаи мазкур бо нақди ин рисолаи бемояи илмӣ будани онро исбот карданд ва рисолаи Л.Бойматов ба дифоъ пешниҳод нагардид. Ҷойи зикр аст, ки Л.Бойматов ин рисолаи хешро барои дифоъ қабл аз он ки ба Институти таърих муаррифӣ кунад, ба кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод намуда буд. Донишмандони кафедраи мазкур ба рисолаи ӯ баҳои манфӣ доданд ва ин сабаб шуд то Л.Бойматов мақолаҳои туҳматангезе дар рӯзномаҳо роҷеъ ба ин донишмандон ба табъ расонад. Иллати ба исми ман «часпидан»-и Л.Бойматов боз дар он аст, ки ҳангоми муайян кардани муаллифони ҷилди сеюми таърихи халқи тоҷик, Л.Бойматов даъвии навиштани қисмати ҳуҷуми муғулон ба Мовароуннаҳру Хуросонро кард. Аммо Шӯрои илмии Институти таърих бо дарназардошти заъфи илмии қалами Л.Бойматов онро ба ман супорид. Ва ин сабабҳо боис гардид, ки Л.Бойматов пайваста ба найрангу иғво даст занад. Ҳамчуноне ки зикр гардид ба ин «эрод»-ҳои «муаллиме аз Самарқанд» мо посух гуфта будем ва боз ҳам чанд нуктае баён мекунем, то хонандаи гиромӣ дарк кунад, ки Л.Бойматов чӣ таҷрибаи ғание дар барангехтани фитна дорад.
«Муаллиме аз Самарқанд» муаллифи боби дуюми «Таърихи халқи тоҷик» (ҷилди 4) А.Саидовро дар он гунаҳкор мешуморад, ки ӯ аз китоби олими узбакистонӣ Абдураимов М.А. «Очерки аграрных отношений в Бухарском ханстве в XVI –первой половине XIX века (Т.1. Ташкент, 1966) иқтибос намуда, зикри ном ва асари муаллифро накардааст. Аз ҷумла менависад: «Муаллиф бе ин ки ҳатто як бор ба навиштаҳои профессор М.А. Абдураҳимов иқтибос кунад, сар то по ҳамаи матлабро аз номи худ навиштааст. Мумкин аст, муаллиф дар ҷойе хатоиҳои техникӣ намояд, вале айб аст, агар муҳаққиқи китоби илмӣ ва академикӣ ҳамаи таҳлилҳои муаллифони гузаштаро аз номи худ бигӯяд!»