Истеъфои дуюмин вазири қирғиз дар давоми як ҳафтаи охир
Динара Сагинбаева, вазири тандурустии Қирғизистон аз симати худ истеъфо додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қирғизистон хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури ин кишвар рӯзи 24 сентябр зери истеъфономаи Сагинбаева имзо гузоштааст.
Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Қирғизистон дар бораи сабаби ба истеъфо рафтани дуюмин вазири ин кишвар дар давоми як ҳафтаи охир чизе нагуфтааст. Ин дар ҳолест, ки Абдилда Суранчиев, вазири умури дохилии Қирғизистон низ рӯзи 16 сентябри соли равон ба истеъфо рафта буд.
Суранчиев аз ин тасмими худ баъд аз пешниҳоди феҳристе хабар дода буд, ки дар он номи як қатор вакилони парлумони Қирғизистон ва бархе мансабдорони давлатӣ оварда шуда, дар ҳамдастӣ бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ айбдор мешуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |