Таъхири бозгашти Бозор Собир ба Тоҷикистон: Чаро?

Бозгашти Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик ба Тоҷикистон, ки даҳаи дуюми моҳи сентябр дар назар буд ба таъхир афтодааст. Ин шоир, ки соли гузашта баъди 19 соли ҳиҷрат дар Русияву Амрико ба Ватан баргашт, аввали моҳи июни соли равон дигарбора озими Амрико гардид ва гуфта мешуд, ки ҳамагӣ барои чанд рӯз барои хабаргирии фарзандону наберагонаш рафтааст.
Низом Қосим, вакили парлумон, шоир ва яке аз дӯстони Бозор Собир, дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабари таъхири бозгашти Бозор Собирро тасдиқ карда, афзуд, ки он ба масоили хонаводагияш марбут аст: “Зимни як тамос ба ман гуфтанд, ки баъди ҳалли масоили хонаводагияшон талош мекунанд, ҳар чӣ зудтар ба Тоҷикистон баргарданд. Устод рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меоянд."
Мусоҳиби “Озодагон” гуфт, “овоза дар бораи дигарбора тарки Тоҷикистон намудани Бозор Собир дуруст нест.”
Ин дар ҳолест, ки Бозор Собир баъд аз 19 соли ҳиҷрат дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли 2013, ба Ватан баргашта буд ва изҳор дошт, ки ин бозгашти ӯ барои ҳамеша аст.
Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст. Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли гузашта, ба кишвар омад ва дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекард. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.
Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |