Райиси Шӯрои уламо аз занҳо даъват кард ба намози ҷамоат нараванд
Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода, райиси Шӯрои уламои вилояти Суғд аз занони ин минтақа даъват кардааст, барои адои намози ҷамоат ба масоҷид нараванд.
Мусозода ин ҳарфҳоро дар ҳошияи мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи “Чорчароғ”-и вилояти Суғд баён доштааст. Ӯ дар шарҳи талаботи Шариати исломӣ ба масоили марбут ба зоҳири сокинон, аз ҷумла тарзи либоспӯшии онҳо дахл карда, ба таҳкими ваҳдати мазҳабӣ ва худдории занон аз иштирок дар масҷид барои адои намози ҷамоат даъват кардааст.
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, райиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи “Чорчароғ” бо ҳузури райиси Шӯрои уламои вилояти Суғд дар мактаби миёнаи № 20-и ин минтақа баргузор гардидааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |