АКС: Шикояти ронандаҳо аз "роҳбандон"-и мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Як гуруҳ аз ронандаҳои боркаш имрӯз, 24 сентябр аз “пробка” ё роҳбандони мошинҳо дар мавзеи Ҳушёрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, шикоят карданд.
Шаҳриёр, як ронандаи боркаш ба “Озодагон” гуфт, тайи се соат мешавад, дар як ҷо истодаанд. “Мошинҳоро инҷо бармекашанд. Се соат шуд дар навбат ҳастем. Ман аз самти Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат дорам, аммо дар мавзеи Ҳушёрӣ дармондам”,-мегӯяд ӯ. Ба гуфтаи Шаҳриёр вай асосан масолеҳи сохтмонӣ мекашонад, аммо нафароне, ки маҳсулоти истеъмолӣ мебаранд, аз ин тамбашавӣ зиён мебинанд, зеро ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Озодагон” дар натиҷаи зиёд зери офтоб истодан, “маҳсулот вайрон мешавад”.
Ронандаи дигар, ки худро Убайдулло муаррифӣ кард, изҳор дошт, 25 сол мешавад, ки дар ин роҳ бор мекашонад, аммо чунин бесарусомониро надидааст: “Ин ҳол то ба кай идома меёбад? Ҷабр аст дар ҳаққи мардум, шаш тарозуро мегузарем ва дар ҳар яки он қариб то ним соат мунтазир мемонем. Шаш тарозу бас набуд, ки боз як тарозуи борбаркаши дигар сохтаанд”.
Тарозуи мазкур нахуст аз самти Душанбе, дар наздикии воридшавӣ ба нақби “Истиқлол” насб шуда буд, аммо ҳоло онро ба мавзеи Ҳушёрӣ кӯчондаанд. Ронандаҳо мегӯянд, минтақае, ки тарозу насб шудааст, ба ягон талабот ҷавобгӯ нест. Як хатти ҳаракати Шимол-Ҷануб, ки дар он мошинҳои боркаш ҳаракат доранд, ба дарозии беш аз 2 км дар “пробка” аст. Ба гуфтаи ронандаҳои боркаш, барои мушкил нашудани ҳаракат мебоист дар 2 ё 3 нуқта тарозуи баркашӣ насб мекарданд.
Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ягона роҳи заминии пайвандгари пойтахт бо шимоли кишвар аз чанд соли пеш пулакӣ шуд ва масъулияти пулҷамъкуниро ширкати мавсум ба IRS бар душ дорад, ки то ҳол маълум нест, раҳбари аслияш кист. 

Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |