Истиқболи мардум аз дастури тоқипўшии толибаҳо дар Хуҷанд

Дастури масъулини маориф барои тоқипӯшии духтарон дар макотиби таҳсилоти миёнаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби бисёре аз сокинон хуш пазироӣ шудааст.
Муҳаббат Бобоҷонова, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, тасмими ҷорӣ намудани тоқипӯшӣ дар макотиби миёна аз ҷониби шўъбаи маорифи Хуҷанд гирифта шуда, ҳанўз танҳо дар қаламрави шаҳр амал мекунад. Зимнан, аз шўъбаи маорифи шаҳр гуфтанд, ки ҳадаф аз ин иқдом эҳёи анъанаҳои мардумӣ аст: «Мо касеро маҷбур накардаем, баръакс, аксар волидон ин пешниҳоди моро дастгирӣ намуда, аз он истиқбол карданд».
Бисёре аз волидон дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо “Озодагон” низ ин иқдомро хуб арзёбӣ карда, гуфтанд, воқеан ҳам барои духтарону бонувон зебанда аст. Шарифа - як сокини ин шаҳр, дар сўҳбат ба мо гуфт, “шахсан барои ман чунин тасмим хеле писанд омад, зеро барои духтарони тоҷик ҳам зебанда асту ва аз сўйи дигар зинда кардани анъанаҳои миллӣ мебошад.”
Ин дар ҳолест, ки аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин сў бо дастури Абдураҳмон Қодирӣ - раиси вилояти Суғд, дар аксари макотиби миёнаи шаҳру навоҳии минтақа маъракаи танўршинонию «дегдон»-монӣ идома ёфта, ҳадаф аз он омода кардани духтарон ба рўзгордорист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |