Амниятиҳо ба Содиқов: Зудтару оромона бирав!
Александр Содиқов, унвонҷӯи Донишгоҳи Торонто, ки ду ҳафта қабл аз Тоҷикистон ба Канада баргашт, ба расонаҳои ғарбӣ назарашро ба қазияи боздошташ дар Хоруғ баён доштааст.
Содиқов гуфтааст, дар лаҳзаҳои аввали боздошт ва баъди оне, ки фаҳмид дар ҷосусӣ ва хиёнат ба Ватан муттаҳам мешавад, нахустин фикраш ин буд, ки “Худоё, ман тамоми умрамро дар маҳбас мегузаронам.”
Содиқов зимни шарҳи омилҳои боздошташ ба “CBC News” гуфтааст, "мақомоти Тоҷикистон дар ҳар зуҳуроту раванде, ки назорат карда наметавонанд ва таҳти идораашон нест, кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ғарбро айбдор мекунанд."
Дар мавриди иҷозаи баргаштанаш ба Канада Содиқов гуфтааст, дар арафаи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ӯро ба Кумитаи амният дар Душанбе даъват кардаанд ва гуфтаанд, ки метавонад ба Канада баргардад: “Ман дар ҳолати шок будам.”
Эдвард Шатс, доктори улуми сиёсӣ, роҳбарии илмии Содиқов дар донишгоҳи Торонто, ки маъракаи иттилоотӣ барои раҳоии шогирдашро роҳбарӣ мекардааст, мегӯяд, “мақомоти амниятӣ гуфтаанд, оромона ва зудтар бирав.”
Ин дар ҳолест, ки расман аз қатъи парванда алайҳи Александр Содиқов хабар дода нашудааст.
Қаблан Созмони Авфи байналмилал хостори бекор кардани иттиҳомот алайҳи Александр Содиқов шуда буд. Худи пажуҳишгари тоҷик низ аз тӯл кашидани тафтишоти парвандааш нигаронӣ карда, гуфта буд, ба далели тафтишот иҷозаи берун рафтан аз кишварро надорад, дар ҳоле, ки дарсҳояш дар донишгоҳи Торонто аз 8 сентябр оғоз мешаванд.
Александр Содиқов баъд аз зуҳри 16 июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо худи Содиқов мегӯяд, бо фармоиши Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба пажуҳиши масъалаи идораи низоъҳо дар Хоруғ машғул буд.
Даҳҳо Иттиҳодияи илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят карда, хостори раҳоии ӯ шуда буданд. Александр дар рӯзҳои аввали дастгир шуданаш дар боздоштгоҳе дар Хоруғ буд ва сипас ӯро ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе интиқол доданд ва рӯзи 22 июл ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат озод гардид ва дар ниҳоят ба Канада баргашт.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |