АКС: Ҷаласаи наҳзатиҳо дар юнучқазор ва шикоят аз мақомот

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи монеагузориҳои мақомоти амниятӣ маҷбур шуданд, имрӯз, 24-уми сентябр ҷаласаи сайёрашонро дар майдони юнучқазори ноҳияи Файзобод гузаронанд.
ҲНИТ бо такя ба Абдукарим Ятимов, раиси бахши ин ҳизб дар Файзобод мегӯяд, як рӯз пеш аз баргузории ҷаласаи сайёр, раиси идораи амнияти ноҳия ӯро даъват карда, гуфтааст, беҳтар аст, ки ҷаласаро баргузор накунед. Чунин як хоҳишро намояндаи Кумитаи амният аз Душанбе низ ироа кардааст.
Ба иттилои манбаъ барои иштирок дар ин ҷаласа тамоми масъулини ҳизбӣ аз навоҳии тобеи марказ ҷамъ омаданд, вале рӯзи 24-уми сентябр дари дафтари ҳизбиро, ки дар бинои Корхонаи фаръии бақайдгирии техникии ноҳия (МБТИ) воқеъ будааст, қулфзада ёфтанд: “Сардори ин корхона ба посбон гуфтааст, имрӯз барои вуруди ягон нафар ба бино иҷозат надиҳад.”
ҲНИТ мегӯяд, чунин монеагузориҳо барои баргузории ҷаласаҳояшон дар навоҳӣ бори аввал набуда, мақомоти маҳаллӣ аз шарҳи он оҷизанд. Ин дар ҳолест, ки то интихоботи парлумонӣ дар кишвар ҳудуди 6 моҳ боқӣ монда, ҲНИТ дуюмин ҳизби пурнуфуз дар кишвар арзёбӣ мешавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |