Сафири тоҷик гуфт, хостори рушди равобит бо Донишгоҳи исломии Мисранд
Хусрав Нозирӣ, сафири Тоҷикистон дар Қоҳира бо доктор Аҳмад Таййиб, шайхи Азҳар мулоқот кардааст.
Тавре хабаргузориҳои мисрӣ иттилоъ медиҳанд, дидори Нозирӣ бо шайхи Азҳар 23 сентябр баргузор шуда, дар он дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин Донишгоҳи исломӣ баррасӣ шудааст.
Хусрав Нозирӣ дар вохурӣ бо доктор Аҳмад Таййиб гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон хостори рушди равобити худ бо ин донишгоҳи исломӣ ва истифода аз равиши илмии он мебошад, ки дар асоси эътидол ва дурӣ аз хушунату ифротгароӣ поягузорӣ шудааст. Ӯ дар идома аз шайхи Азҳар барои ғамхорӣ ва саъйю талошаш ҷиҳати фаро гирифтани донишҷӯёни тоҷик бо улуми исломӣ қадрдонӣ карда, ба ӯ китоби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - “Тоҷикон дар ойинаи таърих”-ро, ки дар чаҳор ҷилд ба забони арабӣ чоп гардид, тақдим кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |