Ҳайкали модари аввалин президентро аз боғи пойтахт канданд
Ҳайкали Қурбонсултон, модари нахустин раиси ҷумҳури Туркманистонро аз боғи Ашқобод гирифтанд.
Расонаҳои Туркманистон менависанд, ин кор дар пайи бозсозии боғҳо анҷом шудааст. Қаблан ҳам аз ин боғ ҳайкали Отамурод Ниёзов, падари Сафармурод Ниёзов, аввалин президенти ин кишвар поин андохта шуд.
Қурбонсултон соли 1948 дар пайи заминларза вафот кардааст. Дар аҳди Туркманбошӣ, ба ӯ унвони қаҳрамони Туркманистон дода шуд ва моҳи апрел ба унвони моҳи Қурбонсултон гузошта шуд. Инчунин, дар шарқи Туркманистон шаҳри Йиланли номи модари Сафармуродро гирифт. Феълан, дар Туркманистон танҳо як ҳайкали модари Ниёзов дар назди қасри адолат боқӣ мондааст. Дар замони ҳукумати Сафармурод Ниёзов дар Туркманистон шахсиятпарастӣ ба авҷи аъло расид ва бо ба сари қудрат омадани Қурбонгулӣ Бердумуҳаммадов номи Туркманбошӣ ва пайвандонаш камранг шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |